ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ПРОБЛЕМАИ ҶИДДИТАРИНИ ИНСОНИЯТ ДАР АСРИ ХХI

Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузург барои амнияти ҷомеа аст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза ин зуҳурот афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ ҳама бояд мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати садрони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвакта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода барои гул-гул шукуфии Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем, ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ расем. Ин неъматҳои беназирро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Гуруҳҳои бадхоҳ, душманони миллати мо он талош доранд, то сулҳу суботи кишвари моро ноором созанд. Нагузорем, ки ягон нафар ба тинҷиву ороми ва сулҳу суботи кишвар халал расонад. ҳама бояд аз як гиребон сар барорем ва барои ободии кишвар саҳмгузор бошем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *