ТТЭ ҲНИ – ХИЁНАТПЕШАИ МИЛЛАТ

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае ташкилоту созмонҳо аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки худ истифода мебаранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд ва асосан ҷавононро ба худ ҷалб карда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона месозанд. Масалан роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ваГуруҳи -24 мехоҳанд бо ин роҳ нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд ва ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Аз тоифаи чунин хиёнатпешагон роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Бењруз Таѓойзода ба ҳисоб мераванд, ки агар рӯзе нисбати Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд худро ором намегиранд. Ин бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва талоши курсию мансаб доранду нисбати миллату давлат хиёнат мекунанд. Хулоса ТТЭ ҲНИ аз дигар ташкилоти террористии сатҳи байналмилалӣ чун ДИИШ ва Ал-Қоида фарқе надоранд ва имрӯз дар ҷаҳони ислом дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда, фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ баҳри амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, ба мисоли солҳои 90-уми асри гузашта,боз тағйир додани вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Мо имрӯз ин ҳолатро дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон мебинем.
Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатие, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд, худдорӣ намоянд.
Дар фарҷоми андешаи хеш хотиррасон бояд кард, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *