Мо кормандон шуъба зимни изҳороти хеш мехоҳем диққати мардуми кишвар, бахусус ҷавононро нисбат ба дасисаю иғвогарии роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, ки алҳол номи ҳизбро “Паймони миллӣ…” (ПМ)ном гузошта, имруз бо кӯмаку дастгирии хоҷагони хориҷиаш дар яке кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтааст, ба андешаҳои қаблиамон иловатан ибрози ақида менамоем. Бояд қайд кард, ки ин навбат бадхоҳи миллат-М.Кабирӣ тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи ифротии “Паймонӣ миллӣ” оид ба мавзуъи “Оё дар Тоҷикистон ба монанди давлатҳои Аврупоӣ ба корҳои ғайриахлоқӣ иҷозат дода мешавад ё не?” баромад намуд. Хонандаи закӣ аз мавзуъи интихобкардаи роҳбари ТТЭ ҲНИ бе ягон мушкили дарк мекунад, ки мардуми боорору номуси кишвар, аз ин корҳои ғайриахлоқӣ хеле дуранд ва ин ҳаводис асосан дар кишварҳои ба ҳамагон маълум ба назар мерасад. Кабирӣ амалҳои ғайримақбулро дар макони зисти ҳозирааш мушоҳида намуда, бо дарназардошти ин ҳолат аз хабарҳои ҳангомаю ҳарза, бӯҳтону иғво мебофанду ба ҷаҳониён чун ҳақиқати воқеӣ пешкаш месозанд. Ҳилаю фиреб, макру ҳиллаи Муҳиддин Кабириву чоплусони ватангадояш аслан бо фармоиши хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мисли ҳамҷинсгароӣ мекунанд. Ҳатто ин тоифаи чоплус андеша ҳам намекунанд, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Зеро, ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд.
Бояд қайд кард, ки ҳар кас фикру ақидаи шахсии худро дорад, на дар минбару шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони давлати аз номи кишвар сухан гӯяд. Ёдовар мешавем, ки ягон миллати ҷомеаи имрӯза мисли Кабирӣ нисбат ба миллату давлат сухани қабеҳ гуфтанаш ба назар намерасад. Ба андешаи мо Кабирӣ аз ақл бегона шудааст ва ё як ифротии ба бемории руҳӣ гирифторшудае беш нест! Аслан инро аз баромадҳои видеоияш эҳсос карда будем, ки бо чунин авзои беҷо ё бемории руҳӣ дорад ё нашъаманд ҳаст.
Ба Кабирию ҳаммаслаконаш, умуман ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Хулоса, баромади навбатии Муҳиддин Кабирӣ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Биноабар ин, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш бояд қайд кард, ки мо ҳамавақт суханҳои Кабирӣ ва умуман пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ-ро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!