ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ПАДИДАИ НАНГОВАРИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд,ки мутаассифона, баъзе ҷавононе ба назар мерасанд, ки аз лиҳози камсаводӣ,сарфаҳм нарафтан ба равандҳои сиёсӣ, бехабар аз арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, алалхусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз гурӯҳҳои радикалӣ ва ё истифодаи дини муқаддаси ислом ба гуруҳҳои террористию ифротии ДИИШ, ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи-24 ҳамчун олоти сиёсӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ниҳоят таҳти пайгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, бо оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ афсӯс мехӯранд, ки он вақт пушаймонӣ суд надорад.Чунончӣ, танҳо дар соли 2020 аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳо ҷиноятӣ дорои хусусияти террористию экстремистидошта, аз ҷумла «Давлати исломии Ироқу Шом» -39 нафар, ТТЭ ҲНИ 17нафар ва “Гурӯҳи 24 8нафар ва дигар равияҳои ифротӣ ба қайд гирифта шудаанд. Баробари ин бояд қард,ки тибқи расонаҳои хабарӣ дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 (2020 – 566) адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилаи кишвар 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.Бинобар ин ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад. Хулоса ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *