ТАШКИЛИ ҲУКУМАТИ ҲАМАШУМУЛ ТАҲДИДИ ХАТАРРО КОҲИШ МЕДИҲАД!

Таърих собит менамояд, ки вазъи ноороми як кишвар, ба монанди Афғонистон ба кишварҳои дигар бетаъсир намемонад.Тоҷикистон , ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро солҳои 90-уми асри гузашта паси сар намуда, хоҳоҳони он мебошад, ки Афғонистони ҳамсоя ба кишвари том, дорои амният,баробарии миллию қавмӣ ва ҷонибдори ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бошад. Вале, имрӯз дар Афғонистон аз ҷониби ҳаракати “Толибон” аз доираи сиёсӣ берун намудани миллати тоҷик, ки 46 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад, зидди меъёрҳои умумибашарии давлатдорӣ аст.
Имрӯзҳо ҳаракати «Толибон» ба аҳд вафо накарда, ҳукумати қавмигароиро дар доираи манфиатҳои паштун созмон дода, хилофи меъёрҳои конститутсионии Афғонистон, сохторҳои идоракунӣ, аз қабили ҳокимияти президентӣ ва парламентиро шикаст дода, давлатро бо номи Аморати Исломии Афғонистон эълон намуд.Таърих гувоҳ аст, ки барои тамомияти арзӣ ва ҳувияти миллии он тоҷикон дар Афғонистон асрҳо ҷонбозӣ намуда, дар рушди нумӯи фарҳангии миллии ин сарзамин, саҳми намоён доранд. Бинобар ин дар Афғонистон бояд Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (инклюзивӣ) ташкил карда шавад, ки дар он намояндагони ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, аз ҷумла тоҷикон, ширкат дошта бошанд. Тоҷикистон фақат дар ҳамин маврид метавонад бо Ҳукумати нави Афғонистон ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ монад. Дар робита ба ин бояд ёдовар шуд, ки давлатҳои аъзои СҲШ, СААД ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои мавриди назари кишвари мо нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад. Бо сарбаландӣ бояд қайд кард, ки мо-тоҷикон ҳамчун миллати куҳан,озодандеш ва доро фарҳанги воло дар ҳама вақту замон ҳувияти миллиро ҳифз намуда, онро ба принсипҳои умумибашарӣ бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ омезиш додаем, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *