Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Санаи 2-юми марти соли равон дар бинои таълимии №4-уми Донишкада конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон», бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар конференсияи илмӣ Хоҷазода Хуршеда – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ғаниева Муаттара – шоира иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Хуршеда Хоҷазода чорабиниро оғоз намуда, аз нақшу мақоми занон дар ҷомеа ёдовар шуд. Сипас, шоираи хушкалом Муаттара Ғаниева бо шеърҳои нобу ҷаззоби худ дар васфи занону бонувон баромад намуд. Инчунин муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ Зарипова Гулчеҳра дар мавзӯи «Мақоми зани тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат» ва донишҷӯи курси 3, ихтисоси 24010302т – танзими ҳуқуқии молия ва қарз Мунавваров Сайфиддин таҳти унвони «Модар-сарчашмаи зиндагӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо суруду таронаҳо дар васфи зан модар баромад намуданд.

IMG_5310
IMG_5348
IMG_5339
IMG_5355
IMG_5320
IMG_5371
IMG_5373
IMG_5376
IMG_5395
IMG_5403
previous arrow
next arrow

https://fb.watch/bwgs04YS08/

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *