ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ – ПРОБЛЕМАИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон мебарад. Диққати ҳаматарафа ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар тамоми олам, махсусан дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористӣ ва дигар равияҳои ифротӣ бо номи ДИИШ, Ал-Қоида а ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирории садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем яке аз кишварҳо Афғонистонро ва мисол оварем. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрўз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ҳокимиятро ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос карда истодааст. Ин ҳолат дар Тоҷикистон низ солҳои 90-уми асри гузашта рух дод, ки яке аз сабабгораш ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат (ТТЭ ҲНИ) мебошад. Бояд ёдовар шуд,ки дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон ҲНИ якҷо бо созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи давлати вақти коммунистӣ сангар гирифта буд. Он давра пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ дилгир мешуданд. Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии ҲНИ ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.Собиқ роҳбарияту аъзоёни собиқ ҲНИ , баъд аз ошкору тасдиқ шудани амалҳои номатлубашон,фирорӣ шуда, имрўзҳо бештарашон дар кишварҳои Аврупоҳ бо дастгирии бевоситаи хоҷагони хориҷиашон паноҳ ёфтаанд. Номи ҳизбро Паймони миллӣ ном гузоштааст ва имрўз ҳамагон онро ТТЭ ҲНИ ном мебаранд. Ин ҳизби бадҳоҳ расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.
Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

ҚАҲОРОВА Б.И. ,
ассистенти кафедраи
ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *