Ҳусаинова Шаҳнура Маноновна

Ҳусаинова Шаҳнура Маноновна 19 апрелии соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1987 ба мактаби миёнаи № 12 ба номи М. Горкий дохил шуда соли 1997 мактаби миёнаро бо аттестати аъло хатм намуд. Аз соли 1997 ба Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ Бизнес ва Сиёсати ба ихтисоси Ҳуқуқшиносӣ шуда соли 2002 донишгоҳи мазкурро бо дипломи сурх хатм намуд. Соли 2002 ба РосНоу (Центрально – Азиатскии филиал Российского Нового университета) ба кафедраи ҳуқуқи ҷиноӣ ба ҳайси ассистент ба кор қабул карда шуд. Аз соли 2006 то 2010 чун аспиранткаи МГУПИ (Московский государственный университет Приборостроения и информатики) дар шаҳри Москва таҳсилро худро давом намуда ва соли 2011 дар РУДН (Российский Университет Дружба Народов) рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Инкишоф ва тараққиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар солҳои 1924 – 1937” бо муваффақият дифоъ намудааст.
Аз соли 2011 то 2017, муаллимаи калони кафедраи Тиҷорат ва Ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд кор мекунад. Аз соли 2017 вазифаи н.и.ҳ.,дотсент мудири кафедраи Ҳуқуқшиносӣ шуда кор мекунад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *