БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд,ки фаъолияти собиқ ҲНИ алҳол ТТЭ ҲНИ ва ё Паймони миллӣ ном дорад таблиғоти ифротиаш аз мафҳум ва меъёрҳои динӣ ба таври васъ истифода намуда, аз дин ва аз эътиқоди динии мардум ҳамчун сармояи ҷиддии сиёсӣ истифода менамояд. Дар ин фаъолиятҳо ба таври дақиқ метавон дид, ки марзи байни «ташкилоти динӣ» ва «ҳизби сиёсӣ» аз тарафи наҳзатиҳо комилан поймол шуда буд. Солҳои охир аъзоёни ТТЭ ҲНИ баробари дигар ҳаракату равияҳо теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстремистӣ доштаро содир намудаанд. Масалан танҳо дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Аз ин миқдор ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ 10 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, “Давлати исломӣ”(ДИИШ) 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, Гурӯҳи 24 –13 нафар, Ансоруллоҳ 9 нафар, Ҳизб-ут-таҳрир 6 нафар, “Ал-Қоида”3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафарро ташкил медиҳад. Умуман дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман имрўзҳо ба назар расидани ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем. Бояд қайд кард,ки мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Ф. КОМИЛОВА
ассистенти кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *