ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ – ХАТАРИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Барои равшани андохтани ин гуфтаҳо мо қишвари ҳамсояамон Афғонистонро мисол меорем, ки алҳол дар ин кишвар 20 гурӯҳҳои терриси ва дигар равияҳои ифротӣ фаъолият доранд. Хулоса ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумоти Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка танҳодар соли 2011 дар маҷмӯъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалҳои террористӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор одам ҳалок шудаанд ва умуман дар даҳсоли охир беш аз 72135 амалҳои террористӣ содир шудааст.
Мисоли дигар, ки дар давоми 3-4 моҳи соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар натиљаи таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Баробари ин бояд қайд кард, ки танҳо дар моҳи оқтябри соли 2021 дар Афғонистон 5 амалҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз љумла:
– санаи 3 октябри соли 2021 дар масҷиди Идгоҳи Кобул;
– 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз љониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиља беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд;
-15 октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд;
-20 октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод;
– 22 октябри соли 2021 бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Қобул таркиш ба амал омада, дар натиља интиқоли барқ қатъ шуд.
Мутаассифона, дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини Ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Ҳисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст. Хулоса ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои террористӣ, аз қабили ДИИШ , Ал-Қоида ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд. Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.
Мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Ш. ҚОДИРОВА,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *