МО – ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ СУБОТИ ПОЙДОР ДАР АФҒОНИСТОН

Мусаллам аст, ки имрӯз вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, бахусус дар кишвари ҳамсояи мо Ҷумҳурии исломии Афѓонистон ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо ба мушоҳида мерасанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ, аз ҷумла дар Афѓонистон 20 гурӯҳҳои террористӣ фаъолият доранд. Масалан гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ, “Ал-Қоида”мебошанд, ки барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худро дар Афѓонистон ба роҳ мондааст. Баробари ин ҳаракати “Толибон”, ки Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Ҳаракати “Толибон”, ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо неруҳои дигари тундгару радикалӣ, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ хатарнок нест. Ба ин мазмун, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад, имрӯз мушкилоти марзӣ, интизомӣ ва амниятӣ ба кишвари мо таҳдид намекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳаракати “Толибон” мо ҳеҷ гуна таҳдиду хатареро эҳсос намекунем. Дигар ин ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили давлату миллати мо нест ва Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба масоили баҳсии худро расидагӣ хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Гузашта аз ин, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд. Аммо бадҳоҳону хоинони миллату аз воқеияти ҳол сарфаҳм нарафта ва аз ин ҳолат суиистифода карда ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғуланд. ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш то ҳануз аз террору ифротгароӣ қатли ва ба кор бурдани усули зӯроварӣ даст накашидаанд. Ташкилоти террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ аст ва дигар гуруҳҳои террористию ифротӣ то ҳануз бо амалҳои бадхоҳонааш даҳшатафканӣ дорад. Чунончӣ дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Аз ин миқдор ТТЭ ҲНИ 10 нафар, “Ихвон-ул-муслимин” 3 нафар, ДИИШ 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, Гурӯҳи 24 –13 нафар, Ансоруллоҳ 9 нафар, Ҳизб-ут-таҳрир 6 нафар, “Ал-Қоида”3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафарро ташкил медиҳад.
Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Аз ин маълумотҳо ба худ хулоса бароварда қайд кардан зарур аст,ки терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин, соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикасти онҳо шуда метавонад. Дар ин росто, суханони қотеъ ва хирадмандонаи Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи мубориза бо терроризм ва экстримизм ин фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад таъкид месозанд, хело бомаврид мебошад.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, аз аз суханрониҳои Сарвари кишварамон иқтибосҳо оварда иброз медорем, ки мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Боварӣ дорем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда мешавад. Кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *