МОРО ЗАРУР АСТ, КИ ЗИРАКИЮ ҲУШЁРИИ СИЁСИИ ХУДРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки дар ҳақиқат тафаккури гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои минтақаро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ , Ал-Қоида, ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ва Гурӯҳи-24 роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Барои тасдиқи ин суханҳо дар шаш моҳи соли 2021 дар қаламвраи љумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. ДИИШ – 26 нафар, Ал-Қоида – 3, Гурӯҳи 24 –13 нафар, ТТЭ ҲНИ -10 нафар ва дигар равияҳои ифротӣ ба мисоли “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, дастгир шудаанд.
Баробари ин бояд қайд кард,ки дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 (2020 – 566) адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Дар асоси маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси кишварамон 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои ВКД 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Дар ҷумҳурӣ соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 4 тоннаю 83 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шудааст, ки 50 фоизи он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд. Инчунин, беш аз 991 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда дарёфт ва несту нобуд карда шуд, ки миқдори умумии он 1 тоннаву 631 кг-ро ташкил медиҳад.
Аз маълумоту рақамҳои оморӣ хулосабарорӣ намуда фаромӯш набояд кард, ки алалхусус гуруҳҳои террористӣ ба номи Давлати Исломии Шому Ироқ , Ал-қоида,ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразхои сиёсии худ фаъолият доранд. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Баробари ин дар интиҳои гуфтори хеш аз омӯзгорон, падар ва модарон хоҳиш менамоем, ки ҷавононро дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат тарбия намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, эмин доранд.

ШАРИПОВ А.Қ.,
мудири шуъбаи мониторинг
ва назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *