ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ ФАЛОКАТБОР

Мусаллам аст, ки ифротгароии динӣ маъмулан, аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур рафта, динро рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, тибқи чунин фаҳмиш амал карда, аз дигарон низ чунин амалро тақозо менамояд. То чӣ андоза паёмадҳои даҳшатбору сангин доштани ифротгароиро мо имрӯз дар мисоли вазъи муташанниҷи кишвари Афғонистон ба таври равшан дида истодаем. Пас аз ғасб гардидани Ҳукумати Афғонистон аз ҷониби ҳаракати “Толибон” ҳамагон шоҳиди он ҳаводис шуданд, ки мардум фарзандашро фурӯхта истодааст ё ин ки таҷовуси духтарчаҳои хурдсол ва содир шудани амалҳои террористӣ ба назар мерасанд. Баробари ин созмону ташкилотҳои террористӣ, алалхусус ДИИШ, Ал –Қоида бештари аъзоёнашон алҳол дар қаламрави Афғонистон фаъолият доранд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад
Доир ба ин масоил Сарвари кишварамон дар аксар баромадҳои хеш борҳо таъкид нменамоянд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Бинобар ин, баҳри баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ муҳим аст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *