АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ХИЁНАТКОРУ КӮРНАМАКОНРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, сайёраро ба ташвиш овардааст. Баробари ин таҳлилҳо собит сохтаанд, ки майли сокинони сайёра ба гурӯҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Аслан заҳролудсозии тафаккури созандаи мардум аз ҷониби тарғиботчиёни хориҷӣ муддати тӯлони давом ёфта, тавассути маблағгузории зиёд ва заҳматҳои бешумор амалӣ мешавад. Масалан имрӯзҳо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -24, ки бевосита бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, барои амалӣ намудани аҳдофи худ бештар аз иттилоот ва расонаҳои хабарӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд. Ин бадхоҳони миллат зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиашон «аз пашша фил месозанд», дар атрофи он ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво меандозанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ мардуми мо назари худро доранд. Имрӯз ҳар кадоме аз шаҳрвандони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро шадидан маҳкум менамоянд.
Имрӯз, ки мамлакат бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, рушд мекунад. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, бахусус имсол таҷлили ҷашнҳои таърихӣ , аз ҷумла 25 солагии Ваҳати миллӣ ва 30-умин солаги Иҷлосияи тақдирсоз шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест!

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *