ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАВФНОКТАРИН ТАҲДИД АСТ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба тадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд.

Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, бо баробари хуруҷи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19” буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифта истодааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун “Вабои аср” ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар иртибо ба ин бояд қайд кард, ки дар кишвари мо ба мисоли Ҳизби ифротии назҳат аз оғози фаъолият дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя намуда, бисёр ҷиноятҳоро содир намудааст. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст. Афсус, ки дар ҳаёт шахсиятҳо пайдо мешаванд, ки дидаву дониста роҳи хаторо пеш мегиранду гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурӯшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнат раво мебинанд. Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ танҳо дар сурати ғасби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст. Воқеан терроризм ва экстремизм хавфноктарин таҳдид аст. Бинобар ин решакан намудани терроризму экстремизм вазифаи асосии ҳар як давлату миллат, вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилоти далхдор аз ҷумла , мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии насли ҷавон чораҳои зарурӣ андешанд, чунки ташаккулёбии ҷаҳонбинии шогирдон ба шахсияти устодон ва сифати таълиму тарбияи онҳо вобастагии зиёд дорад.

                                                               Мунаварова Д.О. -ассистенти

                                                                 кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *