Ақли солим теророризмро маҳкум мекунад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз оташи тероризм дар тамоми дунё доман паҳн карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи сиёсии ҷаҳон, аҳволи мусулмонони рӯи олам, тақдири ҷавонони гумроҳзада ва оқибатҳои бадбахтиовари он ҳеҷ як фарди бонангу номусро ором намегузорад. Зуҳуроти даҳшадноку нафратовари терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надошта бошад ҳам, вале аксаран аз ҷониби хоинони ин дини муқаддас таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ як андоза дар канор бошад ҳам, фаромӯш набояд сохт, нооромии минтиқа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз  метавонад, моро ором нагузорад. Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифродгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон қарор дорад, ки ин падида ҳеҷ як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро барканор карда наметавонад.

Ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо амали террористӣ содир мешавад ва аз ин ҳисоб дар байни ҷомеа баробари куштаву қурбоншудагон, осори тарсу бим ва хавотири боқӣ мемонад. Ҳанӯз солҳои нахустини мустақилияти кишвар чунин таҳдиду хатарҳоро чашида буд. Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвари соҳибистилоли мо гурӯҳи экстремистӣ ва террористӣ бо номи ҲНИ бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда, чи нақшаҳое таҳия намуда буданд, имрӯз он тасдиқи худро ёфта истодааст. Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Аз ин рӯ, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо зарурият, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ – миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Аз ин рӯ воқеан ақли солим терроризму эктремизмро маҳкум мекунад.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Хулоса ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида дар интиҳои мақолаи хеш ҷавонони саодатманди ватанамонро барои бештар омӯхтани илмҳои мухталифи замон, шукргузорӣ намудан аз амнияти ватан ва ба ободиву озодии он саҳм гузоштан даъват менамоям.

 

                                                муаллими калони кафедраи

                                                                                тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДТТ

Темирова Мушараф Ҳасановна.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *