ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ – ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТӢ

Имрӯз яке аз проблемаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизми динӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи бемон мебарад.

Диққати ҳаматарафа ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар тамоми олам, махсусан дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористбо номи  «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат ва фирории садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем давлатҳои Либия, Яман, Сурия, Ироқ ва дигарҳоро мисол оварем. Ин давлатҳо дар як муддати кӯтоҳ ба кишварҳои ҷангзадаю қафомонда табдил ёфтанд. Ин ҳолат дар Тоҷикистон низ солҳои 90-уми асри гузашта рух дод, ки яке аз сабагорон Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат мебошад. Аз ибтидои фаъолияташ ҲНИ бо ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ барои халалдор намудани оромии кишвар кӯшиш менамуд. Асосан мақсади муборизаи мусаллаҳонаи ҲНИ барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерӯҳои дигари сиёсӣ, машғул шудан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократии он дарак медод.

Сарварони ин ҳизб бояд эътирофу иқрор шаванд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд. Новобаста аз ин то ҳатто собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ва хешовандорни М.Кабирӣ дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» иқрору тасдиқ карда, сарварони ҲНИ хоса М.Кабириро барои содир намудани амалҳои террористӣ гунаҳкори асосӣ мешуморанд.

Сарвари собиқ ҲНИ М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш баъд аз фош шудани амалҳои нопокаш роҳи дигарро пеша карда, бо маслиҳати хоҷагони хориҷиашон бо як қатор гумроҳшудагон, ба мисли Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов ва Алим Шерзамонов бо номи «Паймони миллӣ….» созмон дод. Он нафароне, ки дар «Паймон»-и  Кабирӣ ҷамъ оварда шудаанд, воқеан шахсони манфиатҷӯ ва беномусе ҳастанд, ки барои маблағи ночизи хоҷагони хориҷӣ ватану миллат ва дину мазҳаби худро фурӯхтаанд. Дар ҳолати зарурӣ ин гурӯҳи бадхоҳ ҳамдигарро ҳам фурӯхта, аз рӯи одати дерина хиёнат мекунанд. Наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо мақсадҳои сиёҳе доранд ва ҳоло ҳам аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд ва алҳол пусти худро иваз намуда, бо номи «Паймони миллӣ….» дар Аврупо фаъолият дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо баробари тамошои филми мустанади «Хиёнат» имрӯзҳо мардуми шарифи кишварамон амиқтар дарк карданд, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд гуруҳҳои ифротгаро мебошад. Дар сари ҳамин гуна гуруҳҳои ифротгаро шахсияти хиёнакори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, алҳол кӯшиш дорад, ки ҷавонони гумроҳро ба сӯи ҷангу хунрезӣ хонад. Гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди салафия, ваҳобия ва ТЭТ ҲНИ, “Гурӯҳи -24” ва ғайраҳо мехоҳанд, ки дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гирад ва намонядагонаш ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд.

Хулоса ба гурӯҳҳои ифротии дар боло зикршуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст! Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни  30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо комёбии беназир пешвоз хоҳем гирифт.

 

Юнусова Онаой Максудовна

н.и.ҳ.,дотсенти кафедраи

  тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *