Терроризм нангу номуси миллат аст!

 

 

Тамоми мардуми дунё барои ояндаи миллат ва фарзандони худ дар ташфишанд ва бар зидди  терроризм баромад карда истодаанд, ки он яке аз падидаи хатарнок буда, оқибати бисёр ногувор дорад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид пеш меорад.  Мубориза бар зидди терроризм вазифаи танҳо хадамоти махсус ва давлатҳои алоҳида набуда, балки вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Хар як фарди ба номус бояд инро дарк карда барои бартараф кардани он кӯшад ва ҳеҷ гоҳ бе тараф набошад. Мо ба воситаи оинаи нилгун ва воситаи ахбори умум аз оқибатҳои фаъолияти гурӯхи террористон бохабар шуда нисбати онҳо нафрати умум пайдо мекунем.  Ин гуна шахсон набояд бе ҷазо монанд то ки барои онҳое, ки гумроҳ шудаанд аз роҳи интихоб кардаи худ гарданд ва барои оила ва фарзандони худ марг наоранд.  Ифротгарон (террористон) дини исломро ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ифротгарон танҳо бо номи дини ислом баромад мекунанд? Сабаб дар он аст, ки дини ислом дар тамоми гӯшаи ҷаҳон васеъ паҳн шудааст. Вале дар асл дини ислом ин гуна падидаҳои номатлубро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунад,  ва бвр зидди он мебошад. Шаҳрвандону ҷавононе, ки  ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, ба падару модар ва пайвандонашон мушкилот эҷод карда, обрӯи аҳли оилаи худро дар байни ҷомеа, коста мекунанд, онҳо зиндагии осоиштаро намебинанд. Дар рӯҳияи онҳо ҳисси миллию ватандорӣ ва раҳму  шафқат ба волидайн ва хешовандони худ вуҷуд надорад ва онҳо ба гирдоби сарбаста гирифтор шудаанд. Ҳар як шаҳрванду ҷавонони моро зарур аст, ки бо ақли солим ва хираду фаҳмиши хеш ҷиҳатҳои манфии ин падидаи номатлубро дарк карда тавонем.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷии кишвар бадхоҳоне вуҷуд  доранд, ки мехоҳанд ободиву тараққиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Президенти Чумьурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аҳд бастанд ба хотири сулҳу салоҳи кишвар ба ҳамаи онҳо мансабу вазифаҳои баланд доданд аммо мутаассифона ин тоифа аз ҳалимии сарвари давлат истифода бурда, бори дигар хостанд хунрезӣ кунанд.

Миллати тоҷик бо илму маърифат, одобу ахлоқ ва ободкорӣ дар саҳифаҳоти таърхи башарият мавқеи хоса дорад, миллати тоҷик ҳеҷ вақт ҷангҷӯ, моҷароҷӯ, экстремизму террорист набуд ва нахоҳад буд.  Имрӯз мо қатъи назар аз маҳалли зист, касбу кор бояд дар масоили манфиати миллӣ, ватану ватандорӣ ва масъалаҳои умумибашарӣ муттаҳид бошем, пеши роҳи ифротгароӣ ва терроризмро гирем.

Ҳамчун омӯзгоре, ки таҷрибаи бисёрсола дорам  гуфтани ҳастам, ки мо дар яке аз давлатҳои тараққикардаистода зиндагӣ дорем ва  амну амният ва миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат сарбаланду ҳамеша шукргузор аз миллату давлати соҳибистиқлоли хеш карда бошем ба хусус  шумо ҷавонон саъю кӯшиш кунед, ки пайрави Пешвои миллат бошед ва барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз тамоми зинаҳои таҳсилот истифода бурда тавонанд.

Мо дар донишгоҳ тамоми шароитҳои хонишу фаъолият кардан дорем ва онро қадр карда барои ояндаи худ ва наздиконамон намунаи ибрат бошем ва ба миллати худ софдилона меҳнат кунем.

Зарипова Мунавар-муаллими калони

                     кафедраи   забонхои хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *