Мақсадҳои ғаразноки роҳбари ТТЭ ҲНИ

 Мақсади баёнияи аъзоён ва раҳбарони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) аз он иборат аст, ки хиёнаткору хиёнатпешагонро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд. Дар ҳоле, ки ҳамагон медонанд ва ба хубӣ огаҳанд, ки пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо кишварҳои кумаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд, вале баъди ҷинояткориҳо ошкор шудан ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд.

То ҳол роҳбарону ҳамсафони ТТЭ ҲНИ дӯсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ магар бегуноҳанд! Ин як намуд худсафедкунии пайравони ТТЭ ҲНИ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) чанд гурӯҳи ифротии худхонда, ба монанди ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Варшава гурӯҳи наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис доданд. Аммо дар асл, «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Моҳиятан созмони мазкур ҳамон ТТЭ ҲНИ қаблӣ бо номи нав буда, аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд.

Дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳ гардида, асоснок шудаанд, ки аз ҷониби ҳамин гуна пайравони ТЭТ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дошт. Роҳбарият ва сатҳи болоии ҳизб мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва тафсирҳои муғризонаи раёсати шӯрои фирории ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз бо номи Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон  аст мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.

Ҳангоме узви ТТЭ ҲНИ ба ҷиноят муттаҳам мешавад ва ба таъсиси гурӯҳи ифротгарову терроризм оварда мерасонад, наҳзатиҳои фирорӣ бечоранолиданҳоро сар мекунанду сарзаниши худро ба таври дигар баҳо медиҳанд, ки «Ширкати фаъоли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар нишасти имсола ва мулоқотҳои сершумор бо ҳайатҳои гуногуни дипломатӣ, қадами муҳимме барои таҳкими робитаҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳогузорӣ карда шуд». Дар ҳоле, ки раҳбарияти ТЭТ ҲНИ вазъияти кишварро бад карда, бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт мардумро мехост гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир мисли ҳамеша омода аст, ки дар рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат нақшаи разилонаро амалӣ созад ва манфиатҳои миллии мардум ва давлати тоҷиконро зери по гузорад.

Инак чанд руз мешавад, ки дар Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистони филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.

Дидани манзараҳои ваҳшатангез, терори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гарвгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом доданд, дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро ки «тоҷик ба чунин вахшиёнат қодир нест, магар инони ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад. Бо доштани чунин собиқаи талх ва шум имрӯз ҳам иддае дар шакли гурӯҳҳои ба ном мухолиф пойгаҳи дари аҷнабиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода мешаванд.

 

Муаллимаи калони кафедраи «Иктисодиёт ва сохибкори » Бузрукова Саидахон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *