Маънавияти қасодхурдаи наҳзатиён

Ҳизби имрӯз мамнӯъгаштаи наҳзати исломии Тоҷикистон баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт-ғасби ҳокимият, сарнагун кардани сохти конситутсионӣ ва давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнокашононҳо аз номи дини Ислом баромад намуда, давлати тинҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд. Терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо солҳост ба амнияти ҷомеа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср аст дар гузашта низ домангири ҷомеаи инсонӣ буд, вале охири асри XX  дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта,  ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин нуқтаро таъкид намуданд, ки “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ”. Сарвари давлати мо  ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бузурги байналмиллалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз  паёмадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намуданд.

Таассуфовар аст, ки гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз дини мубини ислом барои  худ сипар  карда, амалҳои  ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Ҳол  он, ки ба таъкиди Пешвои тоҷикони ҷаҳон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳамагуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу кушторро маҳкум менамояд”.

Аз ин рӯ, доираҳои гуногуни ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари ниҳодҳои марбутаи  давлатӣ ба  кори таълиму тарбия ва камолоти  маънавии насли наврас саҳмгузор бошанд. Ҳамагон, бояд тавассути  ба роҳ мондани  тарғиби арзишҳои  сулҳу ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи  зиддитеррористӣ талош варзем. Бо  пуштибони аз сиёсати сулҳҷӯёна, ватандӯстиву бунёдгароӣ Пешвои муаззами  худ мӯҳтарам Эмамолӣ Раҳмон дар ҳифзи фазои  амнияту осоиштаи  кишвар ва саодати насибгаштаи рӯзгорамон даст ба кор бошем.

Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмамолӣ Раҳмон сулҳу субот  ва оромӣ барқарор гашт. Ба қадри дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ бирасем ва онҳоро чун гавҳараки чашт ҳифз намоем.

 Зарипова Мунавар

муаллимаи калони кафедраи

                                                               забонҳои хориҷӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *