Терроризм миллату мазҳаб ва ватан надорад!

 

Мо халқи тоҷик ҳамеша кӯшиш мекунем, ки мардуми мо пайрави аз мазҳаби аҷдодӣ дошта, шахсони ҳаразнок, мардуми бемазҳаб ва амсоли онҳо ақидаи динии моро фасод насозанд, одамонро барои ҳадафҳои  худ қурбон накунанд. Алҳол фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Сурияву Ироқ, Афғонистон амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад.

Бозиҳои пушти пардагии ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ ба ҳамагон маълум аст. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ бо терроризми исломӣ ба  он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломӣ тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар мекунанд.

Пай дар пай амали нашудани нақша ва барномаҳои онҳо ба монанди дар Олмон 5 нафар дастгир шудан, наҳзатӣ гувоҳи он аст, ки ТТЭ ҲНИ дар арсаи минтақавӣ обрӯ ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик  аз барномаи фиребон огоҳ шуда, аз шахсиятҳои ҲНИ имтиноъ меварзанд. Стратегияи асосии наҳзатӣ-касби қудрат ва барпо намудани салоҳияти исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ ногузир сохтани вазъ дар минтақа мебошад.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд.

Ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дуст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад.

  Дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии

МДТ ДИС ДДТТ

Исмаилова М.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *