САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН: МУАММОҲО, ТАҶРИБА ВА ДУРНАМО

Конференсияи илмӣ-амалӣ ва назариявии донишкадавии ҳайати профессорон ва устодони ДИС ДДТТ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мавзӯи “Саноаткунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон: муаммоҳо, таҷриба ва дурнамо” баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори ДИС ДДТТ н.и.и.  Олимӣ Р.Л оғоз гардид, ки масуф аҳли нишаст ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно кард. Сипас маърӯзаи илмии устодони донишкада шунида, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар мавзӯи “Омилҳои баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ”  н.и.и. Каримова И. маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Н.и.и. Содиқова Г.И. бо забони русӣ зимни маърӯаи худ оид ба  “Организаӣионно-экономические проблемқ конкурентоспособности предприятий обғественного питания в условиях индустриализаӣии экономики” фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.

Перомуни масъалаҳои “ Нақши хоҷагии манзилию коммуналӣ дар рушди корхонаҳои саноатӣ” н.и.и. Ҷӯраева С. ва “Нерӯгоҳи барқию обии “Роғун” ва саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ассистент Ҳошимов Ф. маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Байни иштирокчиёни конференсия мубодилаи афкор сурат гирифт. Конференсияи илмӣ-амалӣ ва назариявии донишкадавии ҳайати профессорон ва устодони ДИС ДДТТ таҳти унвони “Саноаткунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон: муаммоҳо, таҷриба ва дурнамо” дар бахшҳои алоҳида идома ёфт.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *