Тоҷикистон имрӯз ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи муҳими рушд ва тараққиёт қарор дошта, бо ташаббусҳои наҷиб ва созандагиву бунёдкориҳо натанҳо дар низоми давлатдории миллӣ, балки дар ҷаҳон мавқеи мустаҳками сиёсӣ пайдо намудааст.
Агар саҳфаи таърихро варақгардон кунем, ба хулоса меоем, ки дар ҳама давру замон террористон амал мекарданд. Онҳо байни сарватмандони бехирад ва гуруҳҳои алоҳидаи ҷомеа тарафдорон ва дастгирони худро пайдо карда аз онҳо сарпарастӣ мебинанд.
Имрӯз ҳар як нафар шахси ватандӯсту ватанпарвар, ки тақдири миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барояш муҳиму азиз аст, ба хуби дарк ва эҳсос менамояд, ки зарарро аз нозарар, некро аз бад ҷудо намудан ва бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубу ифротӣ вокуниш нишон додан вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ӯ мебошад.
Саркардагони гуруҳҳои ҷиноятпешаи ташкилотҳои террористӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо афкору кирдори ғаразноки худ паст задани аҳамияти арзишу дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистонро дар зеҳни мардум ҳадафи худ қарор дода, ба ин васила соҳиби садақаву хайрия шудаанд.
Хушбахтона имрӯз мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хуби дарк кардаанд ва медонанд, ки гуруҳҳои тундрави террористиву экстримистӣ бо истифода аз ҳар лаҳзаву фурсатҳои муносиб кушиш ба харҷ медиҳанд, ки бо кирдору рафторҳои бади худ ҷомеаро заҳролуд намуда ба решаи зиндагии осудаи одамон, ки сулҳу оромӣ ном дорад ва бо талошҳои зиёд баҳри ҳаёти шоиставу арзандаи мардуми меҳанпарасуту инсондӯст ва фидокор ба даст омадааст табар зананд.
Аммо тавре мегуянд бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад ва мақсади ғаразнок ягон вақт дар амал пиёда намегардад. Зеро халқи равшанфикру меҳанпараст ва ҷавонони соҳибзавқу донишманд ва ватанпарвар шиддати муқовиматро бо чунин зуҳуроти номатлуб ва муаммоҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстримизм боло бурда ҳимояи марзу буми ватанро вазифаи ҷонии худ мешуморанд.
Воқеан вазъият тақозо мекунад, ки ташкилот ва давлатҳое, ки гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистиро тарафдорӣ мекунанд бояд аз тарафи суди байналмиллалӣ ва СММ ҷазо дода шаванд. Зеро мавриди ҳадафи ба ифротгароӣ ҷалб намудани ин ё он минтақаҳо асосан ҷавонон мегарданд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода баҳри пойдории сулҳ, ваҳдат ва ҳифзи амнияти кишвар саҳм гузоранд.
Имрӯз терроризм ва экстримизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва аз ҳама бештару пештар бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани дини мубини ислом амали нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гардид.
Мо зиёиён амалҳои террористиро қатъиян маҳкум менамоем. Аз ҷониби дигар мо масъулем, ки насли ояндаро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намуда ба воя расонем.
М. Тоҷибоева, устоди ДИС ДДТТ