Ҳизби насҳати ислом – ҳизби хиёнатгар

Тоҷикистон дар интиҳои асри XX бо кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Хушбахтона, тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуд, имрӯз тамоми мардум сарҷамъ ва дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагонӣ доранд. Дар айни ҳол ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Аҳзоби исломӣ дар ҷомеаҳои собиқ шӯравӣ пойдевори устувори зеҳнӣ надоранд. Ҳатто маълумоти миёнаро ба қадри кофӣ нагирифтаанд. Аз ин рӯ, зуд ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил мегарданд. Худашон вазъро таҳлил карда наметавонанд. Ба ин мисол шуда метавонад воқеаҳои солҳои 2001-ум, ки шомилшавӣ ба «Ҳизби таҳрир» ба ҳукми мӯд даромада буд. Мубаллиғони ин равия аз видео, филмҳои тарғиботӣ истифода мекарданд. Ин дар ҳоле буд, ки ба он аксуламал аз ҷониби уламои дин ва намояндагони ҲНИТ нишон дода намешуд. Онҳоеро барои аъзо шудан ба ин гуна ташкилоту ҳаракатҳо водор месозанд, аксар ҳолат аз ночории онҳо истифода мекунанд. Бо истифода аз дигар кирдорҳои нолоиқи ҷомеа аъзоёни худро ба ин роҳ мебаранд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дустиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» буд. Мардумро бо роҳи фиреб дар бемористонҳо аъзоҳояшон рафта, бо ҳар роҳу восита ба ҲНИ аъзо мекарданд. Намоз хондан нахондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад як то-муқобили Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аҳзобе, ки ба бероҳа рафтани ҷомеа замина мухайё месозанд, бояд лаҷомаш гирифта шавад, то низоми ба таври хазандавӣ таҳмил намудани раванди мазҳабӣ дар ҷомеа пешгирӣ шавад.

Муаллими калони кафедраи

молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Ҳафизова Р.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *