ҲНИ ҳизби тафриқаандоз ва ифратгарои миллат

 

Дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ он масоиле, ки оқибатҳои фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як давлат буд, вале имрӯзҳо ин раванд хосияти умумисайёравӣ пайдо карда, ташвиши ҷаҳониён шудааст. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба маризе дар узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи бемоя  бармеояд.

Ваҳшатангез аст, ки гурӯҳҳои фитнаандоз нерӯи мардумони оддиро сӯиистифода карда мехоҳанд ҳадафҳояшонро пиёда созанд. Махсусан, ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғӣ онҳо гашта, раҳгум мезананд ва сафи онҳо мепайванданд. Аламовар аз ҳама ин аст, ки онҳо наворҳои куштори худро  дар интернет гузошта, ба тамоми оламиён намоиш медиҳанд. Гӯё бо ин наворҳо мухолифони худро як навъ ҳушдор додани мешаванд.

Бештар ҷавонони кишварҳои исломӣ ва кишварҳое, ки ҷомеаи мусулмони доранд, ба доми фиреби онҳо афтода, нохудогоҳ ба гуфтаҳо ва амалҳои онҳо бовар мекунанд.

Дар расонаҳо ҳамчунин гуфта шудааст, ки бахши «Ҳизбуллоҳ» дар Ироқ ва ташкилоти «Асаиб аҳл-ал-Ҳақ» ҷавононро ба доми фиреби худ кашида, ба онҳо маблағ ва ҷои кори хуб ваъда мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе ҷавонони давлатҳои Осиёи Миёна низ ба доми найранги гурӯҳҳои экстремистӣ афтода ба сафи онҳо пайвастаанд. Иддае аз ҷавонони тоҷик низ ба умеди маблағ ва кори хуб фиреби онҳоро хӯрдаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муборизаи зиди терроризм дар заминаи Қонун «Дар бораи мубориза бар зиди терроризм» сурат мегирад.

Бинобар ин, агар дар бисёри ҳолатҳо афроди тафриқаангез ба ҳадафҳои нопоки худ нарасад ҳам то як андоза метавонад миёни аҳолии осоишта  ҷунбишу таҳлукаеро ба вуҷуд биёварад. Вале хоинони тоҷик ва гурӯҳҳо ифротӣ як нуқтаи хеле муҳиму аслиро набояд фаромӯш созанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пойдори ваҳдати миллӣ, муборизаи алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризиму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона рӯз аз рӯз тақвияти тоза мебахшад.

Дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир мардуми давлатҳои пешқадам ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо таъсис медиҳанд, лекин аз мақому мавқеъ ва ояндаи он  фикр намекунанд. Ба худ савол ҳам намедиҳанд, ки ин ҳизб ва ҳаракатҳои таъсисдода ба давлат ва миллат чӣ фоида меорад. Тоҷикистони азизи мо ҳам баробари ба даст овардани мустақилияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳое пайдо гаштаанд, ки оромиву осудагии кишварро халалдор сохтаанд. Роҳе, ки онҳо интихоб карданд барои мардуми мо нохушиҳои зиёд овард. Майдонҳои ташкилкардаи онҳо оқибат ҷанги бародаркуширо ба миён оварда, дар натиҷа баъзе  аз мардуми тоҷик дар кишварҳои ҳамсоя умр ба сар бурданд.

ТТЭ ҲНИ ҳизби тафриқаандоз аст ва зидди истиқлолияти давлативу низоми дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи он тафриқаандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст. Чандчеҳрагӣ сифати ҳамешагии роҳбарияти ин ҳизб буда, онҳо ҳар замон чеҳраи худро иваз менамоянд,  гӯё  «тақия» мекарда бошанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳар рӯз дурӯғи нав мегӯяд ва бо шиорҳои фиребову зебо мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Бо фазлфурӯши мехоҳанд  нишон диҳан, ки гӯё онҳо ҳама чизро мефаҳманд ва мушкилкушои ҳамаи муамммоҳоянд. Аммо дигар мардуми шарифи Тоҷикистон фиреби ин фазлфурӯшонро нахоҳад хӯрд.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бо назҳатиён ва саркардагони гурӯҳи онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки зиёни хоинон бар Ватани маҳбубамон расад.

Бинобар ин сиёсати  хирадмандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи фарзандони фарзонаи миллатро сидқанд ҷолибдорӣ намуда, ҳаргиз ифротгароёни ҷоҳилу мутаассиб ва бесавод имкон намедиҳад, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар муташанниҷ кунанд, чунки амну суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвару якпорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муқаддасоти давлатии мо мебошад!

 

 

Темирова Мушарраф Ҳасановна

 омӯзгори калони кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *