ТЕРРОРИЗМ – ДОҒЕ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар ҷомеаи имрӯза терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъсис дода шуда, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ–иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати ҳуқуқбунёди соҳибистиқлол, гузаштан ба шаклҳои нави қонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт. Табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба таъғйирёбии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъиятӣ, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти ҷомеа таъсир расонид. Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохилшуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳоии иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегирифтанд. Ғайр аз ин, дар солҳои даргириҳои муқовимати шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткорон афтод, ки онҳо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бархилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин чун одамкушӣ, таҷовуз, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ содир менамуданд.
Аз рӯйи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айни замон, ташкилотҳои террористӣ ва равияҳои ифротии динӣ, аз ҷумла ДИИШ, Ал-Қоида, «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб ут таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия» «ва «Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ), ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд., ба ҳамагон равшан аст, ҳоҷат ба баён нест. Баробари ин оид ба яке фаъолияти ин гурӯҳи терроритиву экстремистрӣ,яъне ҲНИ-ро бо мушоҳидаву таҳлилҳо мисол меорем, ки он алҳол ТТЭ ҲНИ ном дорад. Воқеан ҲНИ дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияту ҳаммаслакконаш дар Аврупо паноҳ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Роҳе, ки ТТЭ ҲНИ интихоб кардааст, мардумро ба зулмат мебарад. Сиёсате, ки онҳо таблиғ мекунанд сиёсати зӯроварист, ифротгароист, ки дини мубини Ислом онро маҳкум мекунад. Бояд донист, ки ТТЭ ҲНИ аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пӯшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гӯё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурӯҳҳои террористӣ барои Тоҷикистон ва кулли минтақа хатар дорад. Аз ин лиҳоз, мо бояд баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ТТЭ ҲНИ камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманона ва дигар бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд. Баробари ин моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир талқин намоем. Бояд ҷавонони бо нангу номуси Ватан суханони Пешвои муаззами миллатро, ки мунтазам «Ояндаи миллат дар дасти жавонон аст» мегӯянд, сармашқи кору пайкори хеш қарор диҳанд. Бо донишҳои замони муосир ояндаи ватанамонро ободу зебо намоянд ва ҳисси арзандаи худро гузошта бошанд.

ОҚИЛОВА С.А.,
котиби Шӯрои олимони
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *