АМНИЯТИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ УСТУВОР

Санаи 29 декабри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони “Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳимми рушди устувор” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт. Хуршед Зиёӣ дар баромади худ қайд кард, ки амнияти иҷтимоӣ барои суботу оромии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳамияти калон дорад.
Баъдан дар раванди конфронс сӯҳбат оид ба мавзӯи хеле муҳим ва зарурӣ, яъне муҳокима ва таҳлили масъалаи амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили рушди устувор сурат гирифт. Дар ин самт таваҷҷӯҳи бештар ба баррасии масъалаҳои маориф ва илм равона карда шуд. Зеро воқеан ҳам, таъмини рушди устувор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот, таъмини рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа бидуни илму маориф, кадрҳои лаёқатманд, тарзи ҳаёти солим ва шароити мусоиди иҷтимоӣ ғайриимкон аст.
Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 декабри соли 2021 дар Паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан қайд карданд, ки “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин дастур ва ҳидояти Сарвари кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ беш аз пеш таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода, масъулияти худро дар ин соҳа бештар намоем.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзӯи “Ҳифз ва таҳкими иқтидори зеҳнӣ–омили муҳимми таъмини рушди устувори ҷомеа”, мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Фаррух Худойдодов дар мавзӯи “Тафаккури мантиқӣ – кафили низом, рушд ва суботи ҷомеа”, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Анвар Бобоев дар мавзӯи “Нақши муҳоҷират дар таъмини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувор”, подполковники милитсия, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултаи №2-и Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саъдӣ Муҳаммад дар мавзӯи “Сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун асоси ташаккулёбии амнияти иҷтимоии инсон”, муовини сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифбек Шарифзода дар мавзӯи “Коррупсия яке аз омилҳои таҳдидкунандаи амнияти иҷтимоӣ”, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Далер Баҳромбеков дар мавзӯи “Сифати таҳсилот дар мактабҳои олӣ ва таъсири он ба амнияти кишвар”, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯз Миров дар мавзӯи “Амнияти озуқаворӣ–омили рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси маводи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ)”, докторанти Phd–и кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Ғаюров дар мавзӯи “Мавқеи илм ва маориф дар таъмини амнияти иҷтимоӣ”, раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими амнияти иҷтимоӣ”, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирӯз Ҳошимов дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Арабзода дар мавзӯи “Тарбияи ахлоқии донишҷӯён дар раванди таълими забони англисӣ” маърӯза карданд.
Баъдан пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт.
Конфронсро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *