НОТАВОНБИНОН РУШДУ ПЕШРАФТИ КИШВАРРО ДИДА НАМЕТАВОНАНД!

Мо, ҷавонони тоҷик, шукрона аз он мекунем, ки имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромии комил таъмин аст. Мардуми сарбаланди Бадахшон ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар бештар мерасанд. Зеро онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ заҳри ҳама ғурбату фироқ, бесарусониҳо ва ҷангу ҷидолҳоро чашиданду муқобили бадхоҳони миллат садо баланд карданд.
Нотавонбинон ва душманони миллат, ки ба пешравии мардуми тоҷик бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанд, бо ҳар гуна роҳу васила кӯшиш карда истодаанд, ки чунин пешравиҳоро нодида бигиранд. Масалан, вазъи саломатии мардум ва ҳифзи солимии ҷомеаи яке аз масъалаҳое мебошад, ки он дар сархати сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллатамон қарор дорад.
Мо ҷавонони ДИС ДДТТ аз вазъи баамаломада дар як пораи Ватани маҳбуб – Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишвар маҳсуб меёбад огоҳ буда, раванди нашри хабару иттилооти тафриқаандозиву бофтаву иғвогариҳои хоинони миллат дар ин хусусро шадидан маҳкум менамоем. Вобаста ба ин ба кулли сокинони Вилояти овозадори Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бахусус ҳамсолони худ – ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ба андешаву ақидаҳои зархаридон ва кӯрдилон дода нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо ин неруҳои аҳриманӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳон ба гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла ба Бадахшон ташриф оварда, ба фарҳангу маданият ва суннату оинҳои миллии тоҷикон ошно мегарданд. Албатта, дар чунин як шароити вазнин бояд мо ба дасисаву андешаҳои иғвогаронаи душманони миллат дода нашавем ва ҳама сарҷамъ якдилу якҷон барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат кашем.

Р.АНВАРӢ,
асистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *