ДАР АФҒОНИСТОН БОЯД АҚЛИ СОЛИМ ПИРӮЗ ГАРДАД!

Яке аз проблемаи асосии имрӯза терроризм ва экстремизм мебошад, ки асосан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд ва оқибат ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ таъсири манфии худро мерасонанд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҳар як шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) capкарда, то Ал-Қоида ва ҳизбҳои дигари ба номи «исломӣ» имрӯз дар Афғонистон равғани бештар мерезанд. Бояд қайд кард, ки баъд аз шикаст хурдани ДИИШ дар кишварҳои Сирия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ ба кишвари Афғонистон маскан гирифтаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон” миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Алҳол дар ин кишвар беш аз 20 гуруҳҳои террористӣ фаъолият доранд. Гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми амалҳои ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд. Вале куштору ғоратгарӣ, хунрезӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ бахусус дини мубини Ислом алоқамандӣ надорад.Тибқи расонаҳои хабарӣ дар соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар робита ба ин Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарини созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масъалаи пешгирии терроризиму экстремизм, алалхусус ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштаанд. Воқеан кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Умед дорам, ки дар Афғонистон ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсоя сулҳу оромӣ барқарор мегардад.

М.АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *