БӮҲТОНГӮӢ ВА ИҒВОГАРӢ ХОСИ МИЛЛАТИ МО НЕСТ!

Ҳар як шахси бонангу ори тоҷик, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад. Вале, мутаассифона, бархе афроди рохгумзада ба гуруҳҳои ифрортӣ тассуб намуда, пинҳонӣ ё тариқи ошкоро таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё месенҷерҳо_facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники), Instagram ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ, аз қабили “Ислоҳ нет” баромадҳо. Чунончӣ зимни номаи бе муаллиф, аз ҷониби сокинони деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба сомонаи ифротӣ “Ислоҳ нет”бо даъвоҳои беасосу пучу беъманӣ дар атрофи масоили сиёсати кишвар ва нисбат ба сокинони диёру фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ҳарзагӯӣ карда шуд, ки ин амал ба мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад. Бо ин роҳ ифроткорӣ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд ва Тоҷикистони воҳидро дубора пора-пора созанд. Айнан ин рафтору гуфтор дар “Ислоҳ нет” аз ҷониби дигар миллату халқ имрӯзҳо ба мушоҳида намерасанд. Бо истифода аз номи халқ, шаҳр иғвову буҳтону иѓвогарӣ, ба миллати мо хос нест.

Бояд ёдовар шуд, ки ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24- худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанду надоранд. Шояд баъд аз ин гуфтугӯи иттилоотӣ гумроҳшудагон айби худро дарк намуда, минбаъд бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша кунанд.

 Ҳадафи масъалаи матраҳгардида он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати ӯҳдадории хешро пеша карда, қабл аз ҳама имрӯз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурӯҳҳои иѓвопеша ва ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

 А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *