Терроризм – дар ҷаҳони муосир ва дарки Ватандӯстӣ

Мафҳуми “Ватан ва бузургдошти он” аз қадим дар анъанаҳои миллиамон мавқеи муҳим дорад, зеро посу гиромӣ доштани он арзи инсонии ҳар фард ба ҳисоб меравад. Ҳар як фард бояд барои ободу зебо нигоҳ доштани обу хоки Ватан заҳмат кашад.

Имрӯз дар ҷомеа одамоне ёфт шудаанд, ки ифтихори миллӣ надоранд. Ба ин гуна ашхосон М.Кабирро мисол овардан хело бамаврид аст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки низомҳои мавҷудаи исломии сиёсии ҲНИ дар шакли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ амал намуда, аксаран ҳадаф ва барномаҳои муайянро дунболагирӣ мекунанд ва амалкардаҳояшон ба ҳам монанд аст. Ҳадафи ҳамаи онҳо бунёди давлати шариатмеҳвар аст, ки идоракунии он бояд тибқи қонунҳои шариатӣ сурат гирад ва ин давлат бештар на хусусияти миллӣ, балки хусусияти фаромиллию динӣ дошта бошад.

Аксари ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию динӣ хоҳони бунёди як давлати мутамаркази исломӣ бо номи хилофатанд. Мақсаду мароми худро онҳо бо роҳи зўроварӣ, тарсу ваҳм андохтан ва куштор амалӣ менамоянд. Имрўз дар дунё ҳаргуна гурўҳҳои манфиатхоҳ аз надонистани қонун, дониши пасти сиёсӣ, хурофотпарастӣ ва паст будани вазъи иҷтимоии аҳолӣ истифода намуда, онҳоро баъзан ба содир кардани амалҳои террористӣ ҷалб менамоянд.

Терроризм амали нангинест, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амали террористон ҷонҳои ширини худро аз даст медиҳанд. Терроризм чун руйдоди хавфноку басо зараровари замони муосир, ки бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад, ҳамсафари доимии одамон гаштааст. Ҳамлаҳои террористӣ хисорати зиёди ҷонӣ оварда, ба инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисорати молию маънавиро дар пай дошта, барқарории он аксар вақт барои одамон имконнопазир мегардад.  Нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурўҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад.

Натиҷаи таблиғот, ки ба вуҷуддорандаи таассуб ва хурофот дар ҷомеа буд, амалан ҷомеаро хурофазада намуда, сабаби ба вуҷуд омадани навъҳои дигари исломи сиёсӣ гардид, ки ба якдигар таҳаммулнопазиранд. Ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тайи мавҷудияти худ, махсусан, дар марҳилаҳои сарварии М.Кабирӣ ба лонаи махфии терроризми динӣ – мазҳабӣ табдил ёфт.

Агар дурусттар ба масъала таваҷҷуҳ кунем, дар меёбем, ки тавассути барномарезиҳои ҳадафнокӣ ҲНИ тайи солҳои 2008 – 2015 наслҳои синну соли гуногун ба сӯи хурофоту тассуби динӣ –мазҳабӣ кашида шуданд ва дар доираҳои баҳсии мо танҳо сухан аз руҳонияти исломӣ ва элитаи исломи сиёсӣ мерафт ва албатта дар раъси ин ҳангомаҳо исми ин роҳбпои фирории ин ташкилоти террористии наҳзатӣ ва аъзои шӯрои сиёсии он қарор дошт.

Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони нав» ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда қайд намуданд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқадоранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Дар робита ба ин таъкиди Пешвои муаззами миллат, ҳамаи сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли мардуми кишвар бори дигар масъулияти хешро эҳсос карда, ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо, конфронсу маҳфилҳо ва чопи маводи аксултеррористӣ дар васоити ахбори оммаи мамлакат шурӯъ карда, хушбахтона бо ин амали хеш сазовори дарку фаҳмиш ва боварии ҷавонон гардидаанд.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату  ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад.

Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки  шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди исломанд. Нафароне,  ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дарвоқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусалмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Ҳароина, терроризм торафт доираи фаъолияташро иваз ва ё тағйир медиҳад ва ин боиси нигаронӣ ва хатар ба кишварҳо гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори садҳо мамолики олам терроризмро бо тамоми зуҳуроташ сахт маҳкум намуда, дар самти мубориза бо он, корро ҷоннок кардааст. Ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳҳид гардида, бо ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.

 

Манонова Р.А. н.и.п., омузгори калони

                                                                          кафедраи  забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *