Дар замони мо эктремизму терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн кардааст, ки он хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона ва дурўягӣ аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав, аз қабили экстремистӣ дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст. Вобаста ба афзудани терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананду менависанд. Аз ҷумла, шахрвандони мо берун аз марзи ҷумҳурӣ иқомат доранд, ки ба шарҳванди гуфтани онҳо шарм медорем, бовуҷуди ин ҷиҳати баланд бардоштани обрўю эътибори сатҳи байналмилали кишварамон боз такрор ба такрор таъкидан оид ба афродҳои гумроҳшудагон сухан мегўем. Воқеан таҳлилҳо собит месозанд,ки гумроҳшудагон аксарият шахсони зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ дошта, хоҳиши “худнишондиҳӣ” доранд, ки ба таври сода идеологияи ифротгарриро тез қабул менамоянд. Бо баробари ин таи солҳо дар хориҷа зиндагӣ карда, дар оқибат фарҳанги сатҳи ҷаҳонии миллати хешро фаромўш карда, аз номи гурўҳу ҳизбҳо сухан карда трафдорӣ мекунанд. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гурўҳ бо номи ҲНИ бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ѓанимат шумурда чи нақшаҳои ѓаразнокро таҳия намуданд.
Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир дар шабакаи “Ютуб” ТЭТ ҲНИ, хоса М.Кабирӣ, ва аъзоёни он, ки домони хоҷагони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешуданд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти ҲНИ ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанд.Шояд баъд аз ин гуфтугўи иттилооти гумроҳшудагон айби худро дарк намуда, минбаъд бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша кунанд.
Ҳадафи ин мақолаи навбатӣ аз ҷониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иѓвопеша ва ташкилоти терористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нагарданд. Моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии шогирдонро баланд бардорем ва дар қалби онҳо маҳкум кардани созмонҳои террористӣ, ба монанди наҳзатро ҷой намоем.
Ассистенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Мамадҷонова М.М.