Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба масоили Терроризм – силоҳи тарсу ваҳм, қатлу куштор …

Мо омўзгорони кафедра оид ба масъалаи мазкур ибрози ақида намуда, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан  хело бамаврид ва зарур аст, яъне: «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем».

Дар иртибот ба ин , бояд қайд кард,ки дар чанд солҳои охир терроризм чун муаммои рақами як дар ҷаҳони муосир шинохта шудааст. Терроризм силоҳи тарсу ваҳм, қатлу куштор ва нобудсозӣ миёни ҷаҳони оштинопазир гашта, дар фаҳмиши ҳаёт назариёти мухталифу фарқкунанда ва ахлоқу фарҳанги заифро ба бор овардааст. Агар солҳои 80-уми асри гузашта дар ҷаҳон 700 ҳамлаҳои чашмраси террористӣ ба қайд гирифта шуда бошад, солҳои 90-ум беш аз 900 ҳодисаҳои террористӣ рух додаанд. Ҳодисаҳои террористӣ аз рўйи хусусиёти худ сол то сол муташаккилонаю бераҳмона гардида, дар созмондиҳии он аз васоити технологияи ҳозиразамон, истифода мегардад. Барои ташдид бахшидани мубориза бо ин рўйдоди хеле хафнок зарур аст, ки роҳбарони сатҳи олии давлатҳо боз ҳам муттаҳидтар гарданд.

Оламиён имрўз аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони ислом изҳори нигаронӣ намуда, пайваста талош доранд, ки инсониятро аз муноқишаҳои доираҳои манфиатҷўю ҷудоиталаб раҳоӣ намоянд. Дар ин дастгириҳо занону кўдакони зиёде ба ҳалокат расида, ятиму бепарастор ва бехона гаштаанд. Мутаассифона, ҳамаи ваҳшоният ба номи ислом иснод меорад. Бадномсозии ислом бо дасти мусулмонони ноогоҳу манфиатталаб оғозу анҷом ёфта истодааст ва дасти бегонагон дар мадди аввал меистанд.

Нодида гирифтани масоили мазкур ба ояндаи инсоният зарари ҷиддӣ расонида, пеш аз ҳама, теша ба решаи исломӣ ноб мезанад. Инсоният ниёз ба амнияти воқеӣ дорад ва уламои ҷаҳонии ислом бояд сари ин масъала андеша кунад.

Ҳар фарди солим танҳо онро талаб намояд, ки фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалу кирдорҳои номатлуби ҷомеа пурзӯр намуда, вазифаҳои худро назди ҷамъият содиқона ва софдилона иҷро намоянд, ки то пушаймон нагарданд. Волидону омӯзгоронро барои мусоидат баҳри мубориза ва пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуби ҷавонон даъват намуда, фаҳмондадиҳиро бояд пурзӯр намуд.

Шомилшавии иддае аз ҷавонони мамлакат ба сафи ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистии дунё, аз ҷумла, гурӯҳи ҷиноятпешаи террористии бо ном “Давлати исломӣ”, ҳизби таҳрир, ҷараёни салафия ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо барои миллати сарбаланди тоҷик бисёр нанговар буда, моро водор месозад, ки садди роҳи он шавем. Нагузорем то фарзанди модари шафиқу меҳрубони тоҷик фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи кадом як хоҷаи бесаводу ғоратгари хориҷа гардад.

Террорист инсони комилақл ва солимфикр набуда, балки худкуши бемақсад ва пеш аз ҳама, эҷодгари ваҳму даҳшат дар миёни мардум аст. Кори ӯ куштан, тарконидан, ба гарав гирифтани инсон, ғорат, таҷовузу даҳшатоварӣ аст. Аз куҷо ҳамаи ин сифатро ӯ соҳиб мешавад? Охир ӯ одам ҳаст-ку? Наход виҷдони инсонӣ дар ӯ набошад? Наход лоақал касе ба ӯ маърифатро боре ҳам нагуфта бошад? Наход дар дунёи муосир, ки асри авҷи тараққиёти одамӣ аст ӯ чизеро дарк карда ва ё пазируфта натавонад? Албатта, ба кулли ин суолҳо андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле мувофиқ буда метавонад, ки мефармоянд: «Террорист дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад».

Пас дар пайравии Сарвари давлат метавон гуфт, ки террорист гумроҳзадае беш нест. Ифротгаро низ оқибат ба коми терроризм меафтад. Нафрату бадбинӣ нисбати халқу ватани хеш, бар асоси дурӯғу суханҳои беасос иғвоангезии ҳамватану ҳамзабони худ, аз ҷумлаи амалҳое дониста мешаванд, ки аз терроризму экстремизм камӣ надоранд.

Баъзе касон, аз ҷумла Мухиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, шомилшавии ҷавонони кишварро ба ин гурӯҳҳо дар вазнинии шароити зиндагӣ ва аҳволи бади иҷтимоиву иқтисодӣ нисбат дода, ба ин васила “ғамхориву мардумшиносӣ”-и худро собит карданӣ мешаванд. Аммо агар аз рӯи мантиқ таҳлил кунем ин тавр буданаш аз ҳақиқати воқеӣ дур аст. Аввал ин ки дар Тоҷикистони биҳиштосои мо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ хуб аст ва наметавон чунин донист, ки шароити зиндагии мардум вазнин бошад. Дигар он ки аксари ҷавонони ба ин гурӯҳҳо шомилгашта аз хориҷи мамлакат шумули ин бевиҷдонҳо шуданд. Дар баробари ин бо ғамхориву чораҷӯиҳои Ҳукумат ва Сарвари Тоҷикистон аксари пушаймоншудагон аз даргириҳои марговари ҷанги Сурия ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бинобар сабаби нодонӣ ва гирифтори фиреб шуданашон, озод карда шуданд.

Сабаби ба ин фоҷиа гирифтор гаштани ислом, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирпарастиву зоҳирбинӣ ворид шуда истодааст. Ба касе пўшида  нест, ки гурўҳҳои ҳангомаҷў кўшишҳои авомафиребонаи ба ном исломӣ намуда, барои қонеъ гардонидани ғаразҳои шахсии хеш аз арзишҳои динӣ сўиистифода менамоянд.

Ҳамаи волидон ва омӯзгорон дар он ҷиҳат кӯшиш доранд, ки аввал ба тарбияи гузаштагон такя намуда ва бо мақсади муайяну пешгирӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, барҳам додани амалу кирдорҳои номатлуби ҷавонон, барои саривақт пешгирӣ намудани он кӯшиш доранд. Тавре, ки васоити оинаи нилгун барномаҳо пешкаш мегарданд, содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон ҳанӯз ҳам ташвишоваранд. Бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳалҳо, корхонаю муассисаҳо, мактабу макотибҳои олӣ вохӯриву суҳбатҳои зиёд гузаронида шаванд.

Дар хотима онро бояд қайд намуд, ки пешгирии шомилшавии ноболиғону  ҷавонон ва хатто шаҳрдонро аз ҳизбу ҳаракатҳои раванди террористӣ дошта бояд эҳтиёт намуд. Ҷавононро ба омӯзиши илму дониш ва қадршиносии инсон, поквиҷонӣ, инсондӯстиву садоқатмандӣ ва дарки ҳақиқии арзишҳои маънавию фарҳангии кишвар бояд ҳидоят кард.

Мубориза бо ТТЭ ҲНИ, созмони “Паймони миллӣ”, “Гуруҳи 24” ва дигар бадхоҳону бадандешони миллат, ки мехоҳанд оромию суботи кишварро барҳам зананд, кори ҳар як шахси баору номус аст. Дар ин самт ҳама бояд якдилу якҷон муқобили ин созмону гуруҳҳои ифротӣ бояд мубориза барем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *