Тавофи каъбаи дил кун, гар диле дорӣ…

Илму донишу адаб зевар ва сипари инсон аст. Дар шароити имрӯза барои аз ҳар гуна ақида дур будани ҷавонон бохабар будан аз таъриху фарҳанг ва моҳияти ислом ҳатмист. Зеро ҷавононе ки саводи комил надоранд, гумроҳ кардани онҳо осон аст. Нуфузи дини мубини исломро баъзе ҳизбу ҳаракатҳо коста истодаанд. Дар ниқоби дин андешаҳои нодурусту ғаразноки худро паҳн медоранд. Ҳол он ки дар Қуръони карим омадааст: «Ад-дину назифатун» – Дин покизагист. Барҳақ,  набояд ба корҳои ифротию  муғризона ва ҳаромкорӣ машғул шуд. Ва ҳамчунин дар ин китоби муқаддас омадааст, ки Қуръон ҳамеша дар муҳофизати Худост. Аммо муғризон гӯё ҳимояткунандаи Қуръону дин худро номида, дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд.  Дар ҳоле ки:

         Мо барои васл кардан омадем,

         Не барои фасл кардан омадем.

Рисолати бузурги инсонӣ иборат аз  аҳлу тифоқ кардани мардум аст.   Чунки  рушди давлату ҷомеа танҳо  дар ягонагию муттаҳидист.  Аъзоёни наҳзати ислом, ки имрӯзҳо бо номи «Ватандӯстон» амал мекунанд, ташвиқи реаксионӣ бурда, ақидаҳои нодурусти зиддидавлатӣ мебаранд. Агар онҳо худро мусулмони комил ҳисобанд, чаро мардумро ба иғвою ошӯб даъват менамоянд. Аҳли ислом инсонҳои сулҳҷӯ ва муросокор мебошанд. Дар ҳадис ҳам омадааст, ки аҳл кардану пайвастани инсонҳо савобтар аз намозу рӯзаву закот аст. Пас чунин бошад, чаро аз рӯйи гуфтаи китоби муқаддасу ҳадиси мубораки паёмбари акрам амал намекунанд.  Шояд аъзоёни ин ҳизб маърифати пасти ҳуқуқию динӣ доранд, ки амалашон дар ҷомеа мақбул нест.

Дар тарзи либоспӯшӣ  мо  бегонапарастӣ менамоем ва  анъанаҳои миллии хешро фаромӯш мекунем. Албатта, зани тоҷик бояд баиффат, баномус бошад. Ва дар гузашта низ зани тоҷик дар сар рӯймолу тоқӣ дошт. Чаро имрӯз мо суннату анъанаҳои худро ба фаромӯшӣ дода, тақлидкорӣ намоем. Ҳанӯз сатр гирифтану ибодати мо тақвои моро нишон намедиҳад. Бояд сараввал дилро покиза дорем ва барои ба  даст овардани дили дигарон бикӯшем, ки ба ин маънӣ Ҷалолиддини Румӣ мефармоянд:

Тавофи каъбаи дил кун, гар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.

Тавофи каъбаи сурат Ҳақат бад-он фармуд,

Ки ба воситаи он диле ба даст орӣ.

Ба дин иҷборан мардумро даъват намекунанд. Дар вақташ паёмбар бо ахлоқу рафторашон барои мардум намуна буданду дигарон ба хотири эшон ба ислом гаравида шуда буданд. Имрӯз, ки маърифати динии мардум баланд шуда истодааст, сиёҳро аз сафед фарқ доранд. Ба замми ин давлат имконияти зиёде дод, то тавсеаи улуми динӣ касб намоянд. Ин пеш аз ҳама бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон чоп шудани Қуръон бо забони тоҷикӣ ва тафсири он, кутуби гуногуни исломӣ ва панду насиҳатӣ, ки  барои рушди маърифати динӣ мусоидат менамоянд.

Абдумавлон Азимов,
доктори илм
ҳои иқтисод, профессор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *