Изҳорот оид ба ТТЭ ҲНИ, ки бо афкори заҳролуд дар Аврупо ҷавононро гумроҳ месозанд

Боиси хурсандию сарбаландии миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шӯълаи ҳаётбахши он, рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон равшантару пуршукӯҳтар гаштааст. Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Намояндагони ТЭТ ҲНИ муборизаи мафкуравии худро аксаран ба таҷрибаи бунёди давлати демократи дар кишварҳои тараққикардаи Аврупо пайваст кардан мехоҳанд. Дар айни ҳол онҳо фаромӯш менамоянд, ки демократияи ғарби ба озодии виҷдон асос меёбад. Озодии виҷдон чист? Ин ҳуқуқи инсон оид ба муайян намудани муносибати худ ба ин ё он дин аст. Ба ҳеҷ кас, ҳатто ба исломиёни тундгаро низ ҳуқуқ дода нашудааст, инсонро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Агар касе аз лиҳози худшиносӣ худро мусулмон ҳисобаду на ҳамаи талаботи динро ба ҷо орад, ин ҳуқуқи ӯ мебошад.  Бояд эътироф намуд, ки ин ҳолати ғайридинӣ нест, балки демократияи ҳақиқист, ки миллионҳо одамон дар қитъаҳои Амрикову Аврупо ҳаёт ба сар мебаранд.

Мавҷудияти ин зиддиятҳоро  нишон дода, бояд зикр намуд, ки онҳо дар рафти муколамаи дунявияту исломи сиёсӣ ба миён меоянд.  Баробари ин,мавҷудияти арзишҳои демократиро дар ислом умуман инкор кардан дуруст нест. Масалан, мо чунин ҳолатро дар ҳамзистии дунявият ва исломи омӣ (халқӣ) дида метавонем, ки ҳар ҷониб ҳам барои мустаҳкам намудани пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳиссагузор мешаванд.

 Истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ тақозо менамояд, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё  намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем. Ин амал хело зарур аст, зеро дар ҳақиқат ҳам Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ бе дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *