Табрикоти Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо – ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандони донишкада табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва комёбиву муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Ҳамасола 24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузори ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолаи таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба Шумо самимона табрику таҳният менамоям ва умедворам, ки Парчами Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу осоиштагӣ партавфишонӣ намояд ва аҳли ҷомеаи меҳнатӣ дар тарбияи шоистаи ҷавонон ва омода намудани мутахассисони варзида саҳми арзандаи худро гузоранд ва фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш насибашон гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *