КОРУ АМАЛИ ТТЭ ҲНИ ФИТРАТКУШ, ХАРОБИОВАР ВА ЗУЛМАТПАРВАР ҲАСТ!

Дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ терроризм мебошад. Солҳои охир таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.Чунончӣ дар Афғонистон анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Дар асоси расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрўз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд, Борабари ин ҳаракати “Толибон ” ҳокимиятро ба даст гирифта, вазъи кишвари ҳамсояи моро имрўз нисбатан душвору пурҳассос кардааст.Тарафдорони ин ҳаракат айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Баробари ин дар давоми се моҳи охири соли равон дар ин кишвар амалҳои террористӣ бештар содир шуданаш ба назар мерасад. Аз ҷумла, санаи 3 октябри соли равон дар масҷиди Идгоҳи Кобул, 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд. Инчунин ҷангҷӯёни ин кишвар рӯзи 15-уми октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд, 20 октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод ва 22 октябри соли равон бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд. Ин лаҳзаҳо халқи афғонро ба таҳлука, нооромии кишвар ва ноумедии оянда оварда расонид. Аз ин лаҳзаҳо пайравони ТТЭ ҲНИ, умуман Кабирипарастҳо истифода бурда, ба монанди ҳаракати “Толибон” кишвари биҳиштосои моро ноором созанд. Мақсади асоси хоинони миллат – боз аз нав ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Ин ҳолат моро ҳушдор медиҳад, ки на ба эҳсосот, балки ақлро раҳбари худ намоем, чуқур ва ҳамаҷониба андеша кунем, ки сарчашмаи бадиҳо аз куҷост ва чӣ оқибате хоҳад дошт. Воқеан ТТЭ ҲНИ мурдаро мемонад, гарчи баъзе аз аъзои боқимондааш дар хориҷа ҳанӯз доди адолат мезананд. Қайд кардан зарур аст, ки душманони дохиливу берунӣ буданд ва ҳастанд, аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон то имрўз дар ҳаросанд ва намехоҳанд ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон хукмфармо бошад. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои 90-уми садсолаи гузашта бо ин мақсад онҳо бо ҳар гуна туҳмату дасисаҳо ҷанги бародаркушро, ки онро ҷанги шаҳрвандӣ меноманд дар фазои Тоҷикистон бархезонданд. ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи-24 ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ-динӣ низ дар даврони оғози истиқлолият ба саҳна омада, маҷрои таърих ва роҳи интихобнамудаи мардуми моро дигар карданӣ буданд ва хушбахтона, шармандавор шикаст хӯрданд.Наҳзатиҳо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Хулоса наҳзатиён ҳеҷ гоҳ таҷассумгари чеҳраи халқ, ҳимоятгари манфиати мардум, муборизи роҳи озодӣ, истиқлолхоҳӣ набуданд. Онҳо ҷаҳолат, зулмат, хурофотро ҷонибдорӣ ва то ҳол ҳимоя менамоянд, кору амалашон фитраткуш, харобиовар, зулматпарвар ҳаст! Таърих онҳоро маҳкум сохтааст!

Д.ҲОМИДОВА,
муҳаррири таъбу нашри
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *