ТАСМИМГИРИИ СҲШ ОИД БА  МАСОИЛИ ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН

Тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки дар давоми ду моҳи охири соли равон  гурӯҳи радикалии  «Толибон» дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст оварда, мувофиқи талаботҳои худ мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд.Тарафдорони ин гурӯх  айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст.

Бояд қайд кард, ки санаи 16- 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ташкили Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва  давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд. Дар ҷараёни баргузории ҳамоишҳои сатҳи  байналмилалӣ оид ба масоили  мавзуи Афғонистон, ки он ҳам бо риояи урфи дипломатӣ сурат гирифт ва сарони давлатҳо мавқеи хешро баён намуданд. Дар ин росто, таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасмимгириҳои саривақтӣ оид ба вазъи Афғонистон дар ҷаласаҳо ба зуҳур омад. Пешвои муаззами миллат зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар нисбати  гурӯҳи иртиҷоии «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Давлатҳои аъзои СҲШ, СААД ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои мавриди назари кишвари мо нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Баробари ин бояд тазаккур намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлати Афғнистон бетараф бошанд. Ҷиҳати пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардум бояд бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроғавӣ дареғ надоранд ва бетарафиро касб накарда,аз коғазу арзу баён ба амал гузаранд.

АҲМАДҶОНОВА Р.С.,

муаллимаи калони

кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *