Мо омӯзгорони кафедра бо як ҷаҳон ихлос ва ифтихори миллӣ қайд менамоем, ки таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд, ки яке аз аввалинҳо шуда ба масъалаҳои сатҳи байналмилӣ оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз оғози сар задани низоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд. Дар ҷаласаҳои байналмилалӣ таклифҳои дилсӯзонаи Пешвои миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд. Воқеан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадори таҷрибадор, барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои саривақтӣ карданд. Чунончӣ кушодани роҳрав и гуманитарӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба мардуми зарардида. Воқеан ин иқдом саривақтӣ буда, дар ҳолати буҳронӣ ба ин кишвар манфиатовар аст. Инчунин бо роҳи мусолиҳатомез ва музокира ҳал кардани низоъ дар Панҷшер. Ин таҷрибаро Тоҷикистон дар ҳангоми ба ҳам овардани тарафҳои муқобили ҳам истифода карда буд, ки Пешвои миллат ин роҳро барои ҳалли низоъ пешниҳод карданд. Дар баробари ин Пешвои миллат таклиф карданд, ки ҷонибҳои даргир ба Душанбе ҷамъ оянд ва дар мизи музокирот нишинанд, ки ин амал хоҳони бе хунрезӣ ҳал кардани низоъ дар Афғонистон мебошад. Умуман таклифҳои дилсӯзонаи Пешвои миллат ифтихори ҳар як фарди тоҷикистонӣ аст. Метавон қайд кард, ки барои ҷасорату ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, воқеаи нодир аст. Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар ҳолати ниҳоят ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад ва дар ҳолате, ки дигар давлатҳо нисбати ҳаракати радикалии “Толибон” мавқеи худро пинҳон медоштанд. Сарвари тоҷикони ҷаҳон ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар сатҳи чорабинии байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мавқеи Тоҷикистонро зикр карданд. Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос дода, таъкид намуданд, ки “Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар (Афғонистон ) дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд”.
Баробари ин бояд қайд кард, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва пешниҳодҳои Сарвари кишвар оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон симои Тоҷикистонро ба унвони як кишвари манфиатдори ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ собит намуд.