Имрӯз мардуми тоҷик аз илми муосир огаҳи дораду бо азхудкунии илми ниёгон ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва мавқеъи созгорро соҳиб гашта истодаанд. Вале ашхосе бо ном гӯё ватандӯсту муаммоҳои мавҷударо аз нуктаи назари худ бо ивғонагезӣ ҳал менамоянд, бояд донанд, ки роҳи каҷ онҳоро ба мақсад намерасонад ва баръакс худро ба давлатҳои бегона хору зор ва умри додаи худовандро бо пайвандон дар машаққат мегузаронанд. Аз қабили ин афрод мисол шуда метавонад Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар барномаҳои ифротии “Пайванд”ва “Минбари муҳоҷир” баромад намуда, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегираду ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос туҳмату ғайбат мекунад ва бо суханҳои беасос мардумро гумроҳ кардан кӯшиш дорад. Дар давоми моҳи сентябри соли равон дар барномаи ифротии зикршуда нисбати кишвар иғмоз карда, баробари ин худро инсони содиқ ба ормонҳои Исломӣ гирифта, аз минбари хориҷиён ба сӯи ҳамватанони худ санг мепартояд. Даст задан ба амалҳои номатлуб ва иснод овардан на танҳо ба номи инсонӣ, балки ба мусалмонӣ гуноҳи бузургест назди Офаридгор.
Бо шунидани суханҳои Муҳммадиқбол ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур аз кина дорад ва имрӯз хоини миллат аст. Воқеан хоинони миллат- наҳзатиён тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, имрӯз бештарашон фирорӣ шуда дар Аврупо аз минбар истода, бар хилофи адолат гап мезананд. Ягона роҳ барои фаъолияти ин бадхоҳони миллат, умуман наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса, фитраткушу харобиовар аст. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд.Баробари ин бояд қайд намуд,ки душманони миллат фано гашта истодаанд, гарчи баъзе аз аъзои боқимондааш дар хориҷа ҳанӯз доди адолат мезананд. Аммо таърих кори худашро мекунад. Чунонки шоире бисёр бамаврид гуфта:
Марг он набувад, ки гӯру чӯбат созанд,
Раҳгум заданат ба зиндагонӣ марг аст.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт
ва соҳибкорӣ