ТАШВИҚОТИ ҒАРАЗНОК

 

Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ якаҳизбӣ ҳукмфармо буд. Сохтмони  корхонаҳои калон, пешравиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, илму фарҳанг,  ҳаёти иҷтимоӣ   назаррас бошад ҳам, аммо истиқлолияти давлатӣ, озодии мафкуравӣ, аз он ҷумла озодии шуури динӣ хеле маҳдуд буд. Шумораи масҷидҳо ангуштшумор буда, бештари мардум маросимҳои диниро пинҳонӣ  мегузарониданд.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида боиси гаравиши наврасон ва ноогоҳона фирефта шудани онҳо мегардад.

Барои он ки вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зидди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талошҳои  муштараки  халқҳо  ба амал  баровардан мумкин аст.

Дар ин раванд зикр менамоем, ки имрӯз мушкилоти ниҳоят ҳаллаш вазнин-гаравиши ҷавонони сустирода ва соддалавҳ  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ касро аз ҳар ҷиҳат нигарон мегардонад. Алалхусус, ки экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср зуҳур кардааст, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳар шароит ва ҳар лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Азбаски ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи муосири мо ягон асоси мӯътамад надорад, барои ба тезӣ маҳв карданаш бояд ақли солим ба кор бурда, ғалаба кунад ва садди роҳи пешгирии он гардад. Барои пешгирӣ усулу воситаҳои гуногунро бояд оқилона истифода кард. Ҷавононро аз ҳадафҳои ифротгароён огоҳ созем, то ки ҷаҳонбинию шуури сиёсии онон аз чунин ҳадафҳои номатлуб дур бошад. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле пурзӯр буда, дар ҳолати суст будани эътибор ба тарбияи онон хавфи фирефта гаштани онон ба доми ифротиён ба миён меояд.

Ҷавонони мо, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Хулоса имрӯз барои ҷомеаи шаҳрвандии мо хусусан ҷавонон зарур аст, ки фазилати сулҳ ва меваи ваҳдатро дарк намуда, аз ҳар гуна ошубу фирефтагариҳое, ки аз ҷониби баъзе хоҷагони хориҷӣ барои вайрон кардани афкору андешаҳои ҷавонон тарроҳӣ карда мешавад, ҷилавгирӣ намоянд. Зеро пайравӣ кардан аз ҳар гуна равияҳову ҷараёнҳои тунгарои беаслу асос ин боиси нооромии кишвару ҷомеа гардида, сабаби нооромӣ дар ҳар як хонадони мардуми тоҷик мебошад.

 

Атаева Ф.А. –муаллимаи калони
кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *