ФАЪОЛИЯТИ ПАСИПАРДАГӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерӯгоҳҳо, боғҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад.

Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо ёфт мешаванд ашхосе, ки чунин пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд.

Яке аз чунин гуруҳ ТТЭ ҲНИ  мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ ҲНИ аз дафтари ташкилот аз ҷониби кормандони қудратии мамалакат нақшаҳои ин ташкилоти террористӣ, ки барои барпо намудани нооромиҳо дар кишвар таҳрезӣ шуда буд дарёфт карда шуд.

Ин шахсон имрӯз бо ҳар гуна роҳу восита мекӯшанд, бо дасисабозиҳо мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи ороми кишварамонро ноором гардонанд. Ононе, ки ба ингуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҳНИ шомил мешаванд, инсонҳое мебошанд, ки аз ҳадафҳои муғризонаи ин гурӯҳи ифротгаро ноогоҳанд. Чунин инсонҳо фирефта ва гумроҳ мегарданд, вале оқибат, албатта пушаймон мешаванд. Бинобар ин, имрӯз мардуми диёрамон баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд доранд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи чунин сарзамин, давлатдорӣ карда, дарк намудаанд, ки давлат барои ҳар як инсон ва шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст.

Мо бояд тамоми малакаву дониши худро баҳри таҳкими рӯзгори орому осуда, ҳаёти осоиштаи имрӯзу фардо, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ равона созем.

Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихордории  миллат  тарбия намоем, ки он набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша гарданд.

Атаева Ф.А. –муаллимаи калони
кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *