Хидмат ба давлату миллат-рисолати асосии Пешвои муаззами миллат

Мардуми сарбаланди кишвари офтобии мо санаи 30 октябри соли 2020 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карда, ба ояндаи неки ватан ва ободкорию созандагиҳо боварию эътимоди комил пайдо карданд.

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуда, устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ низ онро тамошо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ таъкид доштанд, ки “ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо – халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.”

Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ бо Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварию эътимоди қавӣ дорем ва ояндаи шукуфон, пешрафту комёбиҳои назаррас ва сулҳу ваҳдати миллиро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба даст хоҳем овард.

Фаррух Камолов,

Раҷабмуҳаммад Раҷабов,

Инъом Ҳалимов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *