Ташкилоти террористи экстремистии ҳизби наҳзати ислом таҳдид ба амният ва сулҳу оромии Тоҷикистон

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷаҳони муосир масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои муҳими рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ташкилоти террористи экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ба амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Ин ҳизб бо қарори Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гаштааст.

Мо бояд аз хотир фаромӯш накунем, ки кишвари мо дар аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Ба ғайр аз ин, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд. Мисоли ин гуфтаҳо, шаби 6-ноябри соли 2019 ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳи 20 нафараи аъзоёни созмони террористии ба ном давлати исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва даст ба қатли сарҳадбонон задани онҳо буд, ки ҳамаи онҳо аз тарафи шабакаҳои иҷтимоии интернет гаравида шуда буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда буданд: “Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд”.

Дар ҳамин шароити душвори пурҳассос, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои зиёд ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ шӯравиро аз ин падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир таъмин карда истодааст. Чунон чи Владимир Жириновский дар нишасти матубуотии ҳизбаш (ҲЛДР), ки дар аввали моҳи феврали соли ҷорӣ дар думаи давлатӣ доир гашт, “Тоҷикистонро қалъаи Брест дар қалби минтақаи Осиё номид”. Ӯ аз қаҳрамониву ҷасурии сарҳадбонони тоҷик ёдрас шуда, иброз дошт, ки “онҳо ҷон ба каф гирифта, ҳамлаҳои ҷангиёнро бозмедоранд”, вагарна силоҳшӯрон тамоми Осиёи Марказиро хоку хароб карда, ба Россия меоянд. Жироновский тафсия дод, ки Федератсия Россия бояд дар таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳарчӣ бештар ёрӣ расонад.

Аз ин хотир, Тоҷикистонро дар ҳақиқат қалъаи Брест номид. Зеро кишвари мо, тайи солҳои зиёд, зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун сипар мубориза бурда, амният ва сулҳу оромии кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва собиқ шӯравиро таъмин карда истодааст.

Ҳамин тариқ, имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дучори хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад, аз ҷумла муқовимат бо бо ташкилоти террористиву экстримистии ҳизби наҳзати ислом. Мо бояд ҳамеша аз ин таҳдиду чолишҳои чаҳони муосир хабардор бошем ва зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем. Чунон чи, файласуфи Юнони Қадим Демокрит таъкид карда буд: (460-370) “Корҳои давлатиро назар ба дигар корҳо аз ҳама афзалу муҳим бояд донист. Ҳар кас бояд кӯшиш намояд, ки пеш аз ҳама давлат рушд ёбад, обод гардад, манфиати умум ва давлатро нисбат ба манфиат, шараф, обрӯю эътибори худ боло гузорад. Ин амал дастгирии бузург барои давлат аст, зеро давлате, ки бо роҳи дуруст меравад, такягоҳи бузург аст. Ҳама чиз маҳз ба ҳамин вобаста дорад, яъне вақте ки давлат обод мегардад, ҳама обод мешаванд, вақте ки давлат нобуд мегардад, ҳама нобуд мешаванд”. Ҳамчунин, мо бояд оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароии солҳои 90 –уми асри XX-ро дар Тоҷикистон аз хотир набарорем ва нагузорем, ки андешаву равияҳои ифротгароии бегона ба кишвари сулҳу ободи мо аз хориҷ мудохила карда ба амнияту суботи давлати мо халал расонанд.

 

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,

Устоди кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *