Пойгоҳи душманони миллат дар Аврупо ба дасисаву иғво машғул аст

Маҳз ба туфайли якдилии халқи тоҷик ва роҳбарии Пешвои миллат сулҳ ба имзо расид ва мардуми тоҷик ба ҳаёти осоишта руй оварданд. Аммо то ҳол душманони ин сарзамин ба тинҷиву амонии давлати мо чашми бад доранд. Аз хориҷ истода ҳаргуна суханҳои дуруғ мезананд ва нуфузи давлатро паста карданӣ ҳастанд. Лек тири онҳо хок мехурад.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат барои мубориза бо ифротгароӣ ва ифротгароён кӯшиш намуда истодааст дар доираи ин принсип амал намояд. Дар як маврид давлатҳои мутараққии дунё бошад дар асоси эҳтироми халқиятҳои сукунатдоштаи давлатӣ муборизабаранда ва амали намудани ӯҳдадориҳои конститутсионӣ барои дастгир ва сарнагун сохтани гурӯҳҳои нияти нопокдоштаро нисбати давлати мубориз дастгир ва таслим намояд, то он мавриде, ки онҳо ба нияти ғаразноки худ нарасанд. Вақтҳои охир дар расонаҳои муосири Интернетӣ аз чониби чанд тан ватанфурӯшони ба ном тоҷик ва ба ном исломӣ мехоҳанд аз беруни Ватан ба номи поки миллати бофарҳанги тоҷик иснод биоранд. Миёни онҳо Муҳиддин Кабирӣ собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки фирории Ватан аст ва аз карда пушаймон мехоҳад осмони софи Тоҷикистони озодро тира созад. Дар асоси ин гуфтаҳо он гӯё бо тариқи мустақим бо мардуми кишвар дар мусоҳиба буд ва гӯё андеша дорад, ки ҳизби наҳзат умуман ҳизби террористӣ ё экстремистӣ набуда ва онҳо ҷонибдори оромиву осиштагӣ буданд. ТТЭ ҲНИ баробари фурӯпошии ИҶШС аз моҳи декабри соли 1991 дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Аммо, бинобар ба даст доштан ба нооромиҳои дохилии ҷумҳурӣ ё бо ибораи мардумӣ рехтани равған ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 фаъолияти он мамнӯъ эълон карда шуд. Бо вуҷуди ин, роҳбарону фаъолони ҳизб дубора фаъолияти худро ҳамчун Ҳаракати наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар идома доданд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ТТЭ ҲНИ авф гардид ва дубора иҷозаи фаъолияти расмиро касб намуд.

Худ қазовот кунед, ки ҳодисаҳои охирине, ки дар ҳудуди кишвар аз ҷониби аъзоёни ҳизби мазкур сар зад исботи ин гуфтаҳо шуда наметавонанд? Таъкид намудан мехоҳем, ки мо аҳли зиёӣ ҷомеа ва халқи Тоҷикистон барои муборизаи беамон бо равандҳои ифротгарӣ, новобаста аз мавқеи ишғолнамудаамон омода ҳастем ва хоҳем буд. Аз ҳамин нуқтаи назар ба ҳадафҳои солими мо ҳеҷ гоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар рахна гузошта наметавонанд ва нахоҳанд гузошт. Бояд дар ҳаёти ҳар яки мо баҳри решакан намудани ин рафторҳо омода бошем ва нагузорем, нохалафони миллат авзои ороми Ватани маҳбубамонро ноором созанд.

 

 

 

Омӯзгор:                                                 Ахмедова Адиба

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *