Изҳороти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба мубориза бар зидди эпидемияи коронавирус аз 16.05.2020

Бадбахтии ба сари инсоният омада дар шакли вируси маккори тоҷдор роҳбарияту сохтори тамоми кишварҳои дунёро имтиҳон намуда истодааст. Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ ба монанди ИМА, Британияи Кабир аз ӯҳдаи саривақт, фаврӣ дидани чораҳои баромадан аз панҷаи ин вирус баромада натавониста, эпидемияро ба пандемия табдил доданд. Кишварҳои системаи муташаккили тиббӣ дошта ба монанди Хитой ва Россия аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо талафи камтарин баромада истодаанд.

Акнун ин имтиҳони ҷиддӣ ба кишвари мо ҳам омад. Пӯшида нест, ки мо аз ҷиҳати иқтисодӣ шароити хуб надорем. Лекин ин сабаб намешавад, ки ба таҳлука афтем. Аз як тараф мо дар мубориза бар ин имтиҳон танҳо нестем. Ба мо аз кишварҳои ҷаҳон аз оғози саршавии эпидемия ёрии башардӯстона ворид шуда истодааст. Аз дигар тараф мо системаи муташаккилонаи тиббӣ дорем. Яке аз сабабҳои номуташаккилии кишварҳои абарқудрати ИМА, Британияи Кабир ва амсоли онҳо дар он аст, ки онҳо 30 сол пеш аз эмкунии саросари мардуми кишварашон баҳри пешгирӣ намудани касалиҳо даст кашида будаанд. Шукри худо мекунем, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ нашудааст. Пизишкон, духтурони оддӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи оддӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст.

Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мо дар ин мубориза бетараф нестанд. Бо кӯмаки моддӣ, маслиҳати оқилона, муташаккилона риоя намудани тавсияҳои духтурон ва дигар мутахассисон бетараф набудани худро нишон медиҳанд.

Аз дигар тараф бизнесменҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва дар хориҷи кишвар будагон дар мубориза бар зидди вабои аср бетараф намебошанд. Ба муассисаҳои тиббӣ, камбизоатон, бекорон кумаки моддию пулӣ мерасонанд.

Дар замони мушкили пандемия ин ёриҳои ба кишвар, муассисаҳою кормандони тиб, камбизоатон расонидашуда қаҳрамонӣ мебошад.

Лекин аз дигар тараф душманони халқу ватан, зархаридони хориҷӣ аз ин фурсати қулай истифода бурда, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки фазои иттилоотии моро заҳролуд намоянд. Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд.

Ба ҳамшаҳриёнамон, алалхусус ҷавонон муроҷиат намуда, мегӯем, ки ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли инҳо бовар накунанд. Имрӯз онҳо аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд.

Аз ин сабаб мо аъзоёни кафедра ба сокинони кишварамон муроҷиат менамоем, ки

  • душманони миллат, давлат, сарҳад надорад;
  • онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки ноором сохтани фазои осуда аз ягон воситаю амалҳои зишт рӯй намегардонанд;
  • барои онҳо марги сокини бегуноҳи кишвар хоҳ аз амали террористӣ ва хоҳ аз КОВИД-19 ҳодисаи хурсандибахш аст;
  • кишварҳои абарқудрати дастгирикунандаи душманони халқу миллат хуб мефаҳманд, ки барои олуда сохтани фазои ороми кишварамон истифодаи ҳар як воситаҳо ва шароити қулай пасттарин амал аст, лекин ба ин роҳ медиҳанд;
  • мо сокинони Тоҷикистон бояд якдилона дӯсту душманро фарқ кунем, душманон ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намоем;
  • ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем;
  • дар мубориза бар зидди бадбахтии ба сари аҳли башар омада бетараф набошем;
  • аз шароити ба вуҷудомада ба таҳлука наафтем;
  • бо ҳар роҳи имконпазир, хоҳ кӯмаки моддӣ, хоҳ маслиҳати муфид, хоҳ сухани тасаллибахш ба тезтар паси сар намудани ин бадбахтӣ ба ҳамдигар, ба халқу ватан мусоидат намоем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *