Ташаккули рушди инноватсионии иқтисодиёти Тоҷикистон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, “Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор” ва Рўзи илми тоҷик дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конфронси анъанавии илмӣ-амалӣ ва назариявии ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўён баргузор гардид.

Санаи 20-уми апрел ҷаласаи пленарии конфронс бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон ва донишҷўён доир гардид. Конфронсро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия д.и.и., профессор Тўрақул Ризоқулов ифтитоҳ карда, ташаккули рушди инноватсионии иқтисодиёт, алоқаи илм ва истеҳсолотро тақозои замон ва амри зарурии пешбурди иқтисодӣ унвон карда, ба кори конфронс комёбиҳо таманно намуд.

Тибқи барномаи конфронс д.и.и., профессор Азимов Абдумавлон дар мавзўи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли муаммои таъминот бо оби тоза» маърўзаи илмӣ хонда, нақши бесобиқаи обро дар рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат махсусан таъкид дошт. Ташаббусҳои Тоҷикистон, алалхусус, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаи умумиҷаҳонии об ниҳоят бузург буда, имрўз кишвари мо ба истилоҳ “лидер”-и ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст, ки ин амр моро тақозо менамояд, то масъаларо нодида нагирем, пайваста ба таҳқиқу баррасии аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашудаи мушкилиҳои марбут ба об бошем. Ин ва чанд нукоти дигари муҳим зимни маърўзаи устод баён гардида, ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ низ чанд андешаи судманд ироа гардид.

Таҳти мавзўи «Тарғиби илму ҳунар дар “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ» мудири шўъбаи илм ва инноватсия, н.и.с., дотсент Гулчеҳра Аҳророва маърўзаи илмӣ хонд. Мавсуф Саъдиро падари маъонӣ унвон карда, “Гулистон”-и ўро манбаи тарбият ва тарѓиби илму ҳунар хонд. Воқеан, Саъдӣ аз ҷумлаи он шоиронест, ки ўро “пайғамбари ғазал” ва муаллими ахлоқ унвон кардаанд. Асари “Гулистон” фарогири ҳикояҳо ахлоқӣ бо омехтаи назм буда, тараннуми илмомўзӣ ва ҳунаргароиро талқин мекунад. Саъдӣ гўяд, ки се чизро бидуни се чиз наметавон тасаввур кард: мулк бе сиёсат, мол бе тиҷорат ва илм бе баҳс. Ҳамчунин, андешаҳои илмӣ ва ахлоқии Саъдиро, ки дар “Гулистон” инъикос гардидаанд, Аҳророва Г. зимни баромади хеш ба тафсил иброз намуд.

Сипас, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Акназаров Каримҷон дар мавзўи «Туризм – как составная часть национальной программы возрождения экономики» бо забони русӣ маърўза карда, бо далелу асноди муътамади илмӣ бурду бохти соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳову имкониятҳои рушди онро батафси баён кард.

Донишҷўи курси сеюми ихтисоси молия ва қарзи донишкада  Д. Муродова дар мавзўи “Нақши ҳунармандӣ дар рушди иқтисодии хоҷагии хонаводагӣ” маърўзаи пурмуҳтаво намуд.

Ҳамчунин ҷаласаҳои бахшҳои конфронс дар факулта ва кафедраҳои донишкада то санаи 26-уми апрел идома ёфта, дар умум беш аз 200 маърўзаҳои илмӣ шунида ва мухокима карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *