Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстемистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд.
Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад.
Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстемизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.
Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.
Террор ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ манфиатҳои хеш зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа ва амнияти мардум мебошад. Дар истифодаи таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ террористон ҳама бо ҳам монанд ё аз як ҷинсанд.
Танҳо мақсаду маром, сабаб ва далелу бурҳони амалу фаъолияти худро сарварони созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ҳар гуна эълон мекунанд.
Аз рӯ мақсаду маром, шиор, ғоя ва тарзу амалашон созмонҳои террористиро ба чанд гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст.
- Терроризми миллатгаро ё террористони миллатчӣ худро муборизони роҳи озодии миллати худ, муборизони зидди ситами миллати худ эълон намуда, бар зидди намояндагони миллати дигар амалҳои террористиро содир мекунанд, одамонро мекушанду таркиш ва дигар амалҳои зишту даҳшатоварро содир мекунанд. Барои террористони миллатгаро – миллатчигӣ мақсаду маром ва далелу бурҳони амалҳои нопокашон мебошад.
- Терроризми динӣ, ки имрӯз бештар паҳн шудааст дар зери ниқоби дин амал намуда, худро муборизони роҳи дин, “роҳи ҳақ” эълон мекунанд. Дар ислом онҳо худро “муҷоҳид” (аз калимаи “ҷиҳод” – ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом) ё ғозӣ (“ғазоват” – ҷанг дар роҳи дин бар зидди куфр) эълон менамояд.
- Терроризми сепаратистӣ (ҷудоихоҳӣ, марказгурезӣ) террористони сепаратист худро муборизони муқобили асорату ғуломӣ эълон карда, бар зидди ягонагии давлат, якпорчагии он, барои аз ҳайати он баромадан мубориза мебаранд.
- Терроризми антиглобалӣ ё террористони антиглобалистӣ гӯё бар зидди ҷараёни “қашшоқшавии умумӣ” мубориза мебаранд.
Боз гурӯҳҳои дигари террористӣ мавҷуданд, ки марому мақсади фаъолияташон гуногун аст. Барои дарки мақсаду мароми онҳо бояд донист, ки амалҳои террористӣ барои кӣ, барои чӣ ба кадом мақсад содир карда мешаванд.
Пеш аз он ки дар бораи созмонҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ, радикалӣ, фундаменталӣ сухан ронем, бояд худи мафҳумҳоро шарҳ диҳем, ки чӣ маъно доранд, сипас чеҳраи террорист, хислат, рафтору кирдор, андешаву афкори ӯро муайян ва мушаххас намудан мумкин аст.
Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан аст.
Экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Экстемизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба терроризм мебарад.
Терроризм аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳш” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарконидан, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро, мардумро ба ҳолати тарсу ҳарос, ноумедӣ оҷизию нотавонӣ афкандан аст.
Радикализм – аз калимаи лотинии “radia” – гирифта шуда, маънояш “реша” қатъӣ аст.
Радикализм – бе созишу гузашткунӣ, бетаҳаммул ва якдигарфаҳмӣ амалӣ кардани майлу хоҳиш ва мақсади худ, кӯшишу фаъолият барои бо зӯрӣ ва фишор қатъиян дигаргун кардани вазъият дар ин ё он соҳа мебошад.
Радикализмро метавон ба таври мусбӣ ё маънои мусбӣ низ истифода бурд. Масалан, дигаргуниҳои қатъӣ, радикалӣ дар соҳаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра.
Аммо радикализми манфӣ ё тундгаро ин ба таври қатъӣ комилан дигар намудани сохти мавҷуда, идеология, қонун ва дигар арзишҳое, ки ба ягон ҳизби сиёсӣ, гурӯҳ маҳсуб нест ва онҳо мехоҳанд сохти мавҷударо бо роҳи зӯрӣ дигаргун созанд.
Фундаментализм аз калимаи лотинии «fundament» гирифта шуда, маънояш асос, бунёд, таҳкурсӣ, поя, пойдевор, пойдор аст. Фунаменталистонро одатан бунёдгаро мегӯянд. Шахсе, ки ҷонибдори бунёди ҷомеаи пештара, сохт, ғоя, идеология, тарзи ҳаёти пештара, кӯҳна мебошад, бунёдгаро ё фундаменталист мегӯянд. Фундаменталистони ислом мехоҳанд, ки сохти пештараро аз нав бунёд ва устувор созанд.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Ба ақидаи аксари муҳақиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Мувофиқи маълумотҳои коршиносон ҳоло дар минтақаи Осиёи Миёна беш аз 15 созмонҳо, ҳизбу ҳаракатҳои характери террористии ба ном исломӣ амал мекунанд, ки ба суботу амнияти минтақаҳо таҳдид менамоянд.
Ассистенти кафедраи
«Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»
Олимова Ф.А.