Ҷомеаи имрӯзаи моро ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию тундгароӣ ба ларза даровардааст. Онҳо мақсадҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии худро доранд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидани худ аз ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ҳамин восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Имрӯзҳо масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонӣ дошта гардидааст.
Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст. Аз ин лиҳоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Зеро, ки Тоҷикистон низ ҷанги шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад ва ҷонибдори устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.
Солҳои охир, бархе аз хоинони миллат, аз қабили собиқ намояндагон ва роҳбарони ҲНИТ Тоҷикистонро боз ба вартаи муноқишаҳои сиёсӣ ва дасисабозиҳо кашида, вазъи ороми љумҳуриро муташанниҷ гардонанд ва хостанд бо роҳи экстремизми динӣ низоми сиёсии интихоб намудаи мардумро вайрон созанд.
Мо кулли устодон ва омӯзгорони кафедраи љомеашиносии ДИС ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро сахт маҳкум менамоем ва дар атрофи сиёсати созанда дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Муроҷиатномаи кулли устодони кафедраи ҷомеашиносии факултети
тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ