Вазифа ва мақсади аслии таълиму тарбия дар мактабу таълимгоҳҳо тайёр кардани мутахассисони варзида, ҷавобгў ба талаботи замон ва баробари ин чунон ки дар Консепсияи миллии тарбия нишон дода шудааст, (1) парвариши инсони комил, дорои маънавияти бой, ҷаҳонбинии илмӣ аст. Мутахассис, соҳиби илм, касбу ҳунар ба шарте вазифа, рисолати иҷтимоии худро ба таври шоиста иҷро карда метавонад, ки агар дорои маънавияти комил ва ҷаҳонбинии илмӣ бошад.
Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон пайваста сиёсати оқилонаву маърифатпарваронаро пеш мебарад. Азбаски ояндаи ҳар як мамлакат ва рушду тараққиёти он аз сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тарбияи камолоти насли наврас ва ташаккули шахсияти ҷавонон вобаста аст, давлат инкишофи мактабу маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эътироф кардааст. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими бунёди ахлоқии ҷомеа, афкори эҷодиву созанда, инкишофи тафаккури миллат, вусъати сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон пайваста эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми декабри соли 2016 дар ин мавзўъ чунин навишта шудааст: «Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пещ аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд». (2)
Ақли солим, ҷаҳонбинии илмӣ барои ҳар як шахс, шаҳрванди ҷомеа, хоса мутахассис, соҳиби илм ва ҳунар бағоят зарур аст. Маърифати комил, ҷаҳонбинии илмӣ омил, кафолати зиндагии муваффақона ва саодатмандона маҳсуб меёбад.
Ҷаҳонбинӣ аз рукнҳои муҳимтарини таркиби шуур ва маърифати инсон аст. Вай танҳо як рукни шуур набуда, балки синтез, таркиби унсурҳои он мебошад. Донишҳои гуногун, ақидаву эътиқод, фикру эҳсос, табъу завқ, саъю кўшиш, умеду армон, маънии зиндагӣ ҳама якҷоя дар ҷаҳонбинӣ ифода ёфта, як навъи маърифати умумии олам ва худи одамро ташкил медиҳад. (3) Ғайр аз ин маънои васеъ, ҷаҳонбиниро ба маънои тангаш ба ҷаҳонбинии фалсафӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, ҷаҳонбинии ахлоқӣ, эстетикӣ, ҷаҳонбинии динӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии иқтисодӣ ва ғайра истифода мебаранд. (4)
Ҷаҳонбиниро кулли илмҳо: илмҳои табиатшиносӣ, техникиву технологӣ, ҷамъиятӣ ва илмҳои инсоншиносӣ ташаккул медиҳанд. Дар ташаккулу такомули ҷаҳонбинӣ, хоса илмҳои инсоншиносӣ, ба монанди фалсафа, этика, зебоишиносӣ, сотсиология, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, таърих, забону адабиёт, педагогика, психология нақшу мақоми махсус доранд.
Ҷаҳонбинӣ маҷмўъ, низоми ақидаҳост дар бораи ҳастӣ, ҷойгоҳу мақоми инсон дар он, муносибати вай нисбат ба олам ва ба худаш, мавқеи ҳаётӣ, иҷтимоии инсон, армон, принсипҳои маърифат, фаъолият ва арзишҳои ҳидоятӣ мебошад. Вале, ҷаҳонбин маҷмўи тасодуфӣ, номураттабӣ дониш, ақидаву тасаввуроти оддиву муқаррарӣ набуда, балки ҷамъбасту хулосаи донишҳост, ки низоми муназзамро ташкил медиҳад.
Ҷаҳонбинӣ ҷавҳар ва мазмуни асосӣ ва фишурдаи шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай моҳиятан падидаи иҷтимоист, ки баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ҳар як зинаҳои таърихии ҷомеа ҷаҳонбинии хос мувофиқ меояд.
Ҷаҳонбинӣ ҳамчунин фаҳмиши умумии олам, инсон ва ҷомеа, ҳамзамон мавқеъ ва самтгирии иҷтимоию сиёсӣ, фалсафӣ, динӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, илмию назариявии шахсро муайян месозад. Се шакли таърихии ҷаҳонбинӣ мавҷуд аст, ки инҳо ҷаҳонбинии асотирӣ (мифология), динӣ ва илмию фалсафӣ мебошад. Ҳамчунин фалсафа се шакли ҷаҳонбиниро ҷудо менамояд: якум ҷаҳонбинии ҳаётӣ, муқаррарӣ, дуюм ҷаҳонбинии динӣ, сеюм ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ. Ҳар се ин ҷаҳонбиниҳо доираи масъалаҳои муайянро фаро мегиранд. Аз ҷумлаи онҳо, мавзўъҳо дар бораи он ки чӣ гуна рўҳ, шуур ба модда алоқаманд; инсон кист, мақому ҷойгоҳи вай дар олам чӣ гуна аст, инсон воқеиятро чӣ тарз маърифат месозад; некӣ ва бадӣ, зебоӣ ва зиштӣ, ҳақиқат ва ботил, адолат ва ҷабр чист; ҷамъият аз рўи кадом қонунҳо тараққи мекунад ва ғайра. Ҷаҳонбинии муқаррарӣ дар заминаи зиндагии ҳаррўза, шароиту муҳити иҷтимоӣ, таҷрибаи ҳаётии одамон, ки аз як насл ба насли дигар интиқол мешавад, ташаккул меёбад. Ин зинаи ҷаҳонбинӣ дар шакли ақли солим, тасаввуроти анъанавӣ, номураттаб ва соддалавҳона арзи вуҷуд дорад.
Ҷаҳонбинии динӣ мавҷудияти фавқулқувваро эътироф ва манзараи оламро ба таври хаёлӣ тасаввур намуда, бештар ба донишҳои ирратсионалӣ ва эҳсосиву тамсилӣ такя мекунад. (5)
Ҷаҳонбинии фалсафӣ дар шакли тмафҳуму мақула, қонуну принсипҳо, далелу исботи мантиқӣ ифода ёфта, ба комёбиву кашфиёти илмҳои табиатшиносӣ, ҷамъиятӣ ва техникӣ асос менамояд.
Ҷаҳонбинӣ бо мафҳумҳои манзараи умумии олам, маърифати олам, муроқибаи олам, дарку эҳсоси олам муродиф, мазмунан наздик мебошад. Маърифати олам паҳлўи зеҳнӣ, низоми мафҳуму мақула ва қонунҳои онро ифода менамяод. Ҷаҳонбинӣ бошад назар ба мафҳуми манзараи умумии олам зинаи баландтарини зеҳнӣ, синтез, таркиби донишҳост, ки дар он на танҳо муносибати маърифатӣ, инчунин эҳсосиву арзёбӣ баҳодиҳии инсон зоҳир мегардад. (6)
Ҷаҳонбинӣ ҳамчунин инъикоси воқеии олам ва муносибати арзёбӣ ва қадршиносӣ нисбат ба он, ҳамзамон нақши танзимкунӣ, эҷоду созандагиро мебозад. Маҳз ба туфайли ин ҳамчун дастур барои эҷоди тасаввуроти мукаммали манзараи илмии олам хидмат менамояд. (7)
Ҷаҳонбинӣ бо мафҳуми мафкура, идеология наздику алоқаманд аст, вале мафҳуми ҷаҳонбинӣ аз мафкура васеъ аст. Мафкура қисме аз ҷаҳонбинист, ки бо ҳаёти ҷамъиятӣ, падидаи иҷтимоӣ алоқаманд аст. Ҷаҳонбинӣ бошад тамоми воқеияти объективӣ ва ҳастии инсонро фаро мегирад.
Ҷаҳонбинӣ ҳамчунин принсипҳои зиндагиро фаро гирифта, тарзу шеваи фаъолият, рафтори шахсро дар ҷомеа муайян месозад. Рукни муҳими ҷаҳонбиниро идеал, армон, ки ифодаи бевоситаи мақсад, ҳадафи зиндагист, ташкил менамояд. Тарз, шеваи тасаввуроти олам, одам ва ҷомеа боиси пайдо шудани мақсаду ҳадаф гашта, орзуву ормонро ташаккул медиҳад. Вай ба ҷаҳонбинӣ, нерў, қувваи амалӣ, ҳаракатдиҳанда мебахшад.
Маърифату маълумот ҳангоме ба ҷаҳонбинӣ мубаддал мегардад, ки агар шахс ба дурустӣ, ҳақиқати донишу андешаҳои худ боварии комил пайдо кунад. Агар ақлу хирад, дониш ва виҷдон ба ҳам пайванд гарданд, он гоҳ аз доираи бандҳои он наметавон берун рафт. (7) Ҷаҳонбинӣ аҳамияти калони ҳаётӣ ва амалӣ дорад. Вай ба маънӣ ва тарзи зиндагӣ, шеваи рафтор, ба муносибати шахс ба меҳнат, атрофиён, табъу ҳавас, маишату маърифати вай таъсири назаррас дорад.
Мафкура, идеал, орзуву ормон аз рукнҳои марказии ҷаҳонбинист. Идеал, ормон – гавҳараки чашми ҷаҳонбинист. Чашм маҳз ба воситаи гавҳарак, бино, ҳамабин аст. Гавҳарак оинаи махсус, нигин, дидаи дил, чашми хирад аст, ки оламро аз рўи ақлу хирад воқеъбинона инъикос мекунад. Ҷаҳонбинии илмӣ оламро бо тамоми хусусиятҳояш акс менамояд, робитаву зиддият ва қонунҳои кулливу ҷузъияшро маърифат месозад. Баробари ин олами арзишҳои моддию маънавӣ ва ҳастии инсонро арзёбӣ ва қадршиносӣ менамояд. Ҳамчунин олами зебоӣ, қонунҳои онро, ки маҳз ба туфайлашон табиат, ҳастии нотакрору пурасрор арзи вуҷуд дорад, мешиносад.
Эътимоду эътиқоди ғоявӣ, идеал намунаи олии камолоти маънавӣ барои инсон дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ, хоса рафъи мушкилот, ҳалли муаммоҳои мураккаб раҳнамоӣ месозад, ба корнамоиву қаҳрамониҳои бемисл ҳидоят мекунад. Шахси боэътимоду эътиқод, дорои маънавияти баланд, ормонҳои воло дар роҳи амалӣ кардани мақсадҳои наҷиб ҳатто ҷони худро дареғ намедорад. (8) Бинобар ин аз вазифаҳои муҳими илмҳои инсоншиносӣ баробари ба шогирдон додани донишҳои гуманитарӣ, дар онҳо ташаккул додани идеалҳои эстетикӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.
Хусусан аз байни илмҳои инсоншиносӣ фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нақши муайянкунанда мебозад. Фалсафа сатҳи баланди тафаккури инсонӣ буда, дар шахс тафаккури мантиқӣ, танқидӣ, фарҳанги тафаккурро ташаккул медиҳад.
Кулли мавзўъ ва масъалаҳое, ки фалсафа фаро мегирад хусусияти ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонишиносиро дорад. Чунончӣ, ҳастишиносӣ (онтология)-и фалсафа фаҳмиши илмии манзараи воқеии оламро ташаккул медиҳад ва қобилияти фарқ кардани ҷавҳарро аз араз, моҳиятро аз зуҳурот пайдо менамояд. Маърифатшиносӣ (гносиология)-и фалсафа қонунҳои маърифат ва ташаккулу такомули илм, ки қувваи бузурги пешбарандаи тамаддуни инсонист, фаро мегирад.
Қисми дигари фалсафа – илми ҷадал (диалектика) ҳамчун ҷавҳари фалсафа принсипи бунёдии ҳастии олам, яъне тараққиёт, рушд ва қонунҳои умумитарини онро дарбар мегирад. Диалектика тасаввуроти илмии манзараи оламро мукаммал месозад. Инсоншиносӣ (антропология)-и фалсафа ҳастии инсонро ҳамчун зинаи олитарину нодиртарини тараққиёти олам, ҳамчун мавҷуди донову тавоно, созанда ва офарандаи оламҳои нав таҳқиқ месозад. Вай дар худшиносиву худогоҳӣ ва худсозии инсон инақши бузург дорад.
Қисми арзишшиносӣ (аксиология)-и фалсафа бошад олами арзишҳоро фаро гирифта, қадршиносӣ, сипосмандиро нисбат ба олам, табиат, ҳаёт, инсон ва арзишу муқаддасоти иҷтимоиву миллӣ талқин менамояд. Аксиология тафаккури қадршиносӣ, арзишфаҳмиро ташаккул медиҳад.
Услубшиносӣ (методология)-и фалсафа бошад роҳу равиши таҳқиқу тадқиқи олами моддиву маънавиро нишон медиҳад. Он дастури тавоно ва умумии таҳқиқоти кулли илмҳо, усули умумӣ ва раҳнамо дар халлу фасли муаммоҳои иҷтимоӣ, ҳаёти воқеӣ ва фаъолияти амалӣ мебошад. Инҳо ҳама мавзўъ ва масъалаҳоеанд, ки маҳз ҷаҳоншиносиву ҷаҳонбиниро ташаккул медиҳанд.
Замони муосир тақозо дорад, ки сатҳу сифати таълими фалсафа дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо бо назардошти талаби замон, комёбиҳои илми муосир боз ҳам такмил ва беҳбудӣ ёбанд. Баробари ин бояд зикр кард, ки дар синфҳои болоӣ омўхтани асосҳои фалсафа аз ҷониби мактабиён ба мақсад мувофиқ аст. Маълум ки дар даврони давлати Шўравӣ дар мактабҳои миёна фанни ҷомеашиносӣ таълим дода мешуд, ки аз қисмҳои асосии онро фалсафа ташкил менамуд. Бинобар он дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар сатҳу сифати нав барқарор ва ҷорӣ кардани фанни ҷомеашиносӣ айни муддаост. Мактабиён донишҳоеро, ки аз омўзиши илмҳои гуногун мегиранд, маҳз ба туфайли тафаккури фалсафӣ ба низом медароранд ва хулосаву ҷамъбаст менамоянд ва ниҳоят дар онҳо асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ташаккулу такомул меёбанд.
Ҷаҳонбинии илмӣ низоми мураккабест, ки аз унсурҳои гуногуни ба ҳам алоқаманд иборат буда, рукни асосиашро фалсафа ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ташаккулу такомули он дигар илмҳои инсоншиносӣ: таърих, ахлоқ, эстетика, сотсиология, фарҳангшиносӣ, педагогика, психология, фарҳангшиносӣ, динишиносӣ нақши назаррас доранд. Чунончи, илми таърих хотираи тарихӣ, ҳисси ифтихору ғурур ва худшиносии миллиро мепарварад. Илми ахлоқ, зебоишиносӣ, фарҳангшиносӣ тафаккури арзишфаҳмӣ, қобилияти фарқ кардани зебоӣ ва зиштӣ, некӣ ва бадӣ, идеалҳои волои иҷтимоӣ ва эстетикиро ташаккулу такомул медиҳад. Кулли илмҳо, хоса илмҳои ҷамъиятию инсоншиносӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ҳар яке ҷой ва мақоми худро доранд. Онҳо ҳалқаҳои як занҷиреро мемонанд, ки ҳама пайванди якдигаранд, чун ҳалқае аз он нест ё суст аст, ин низом вазифаи худро бояду шояд анҷом дода наметавонад.
Замони муосир тақозо дорад, ки ҷавонон ҳар чӣ барвақт, ҳанўз айёми мактабхонӣ ба камоли маънавӣ расанд, соҳиби донишу маърифати хуб, тафаккури мантиқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, фазилати хирадмандӣ шаванд. Маърифати комил, хирадмандӣ, ҷаҳонбинии илмӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар замони интернету иттилоот дар баҳри бакарони ахбору маълумот тиллоро аз мис, некиро аз бадӣ, зебоиро аз зиштӣ, адолатро аз ҷабр, ҳақро аз дурўғ фарқ карда тавонанд, зери таъсири тарғиботи ботили экстремистӣ, таълимоти иртиҷоӣ, маводҳои фаҳше, ки ахлоқро вайрон месозад, қарор нагиранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷанги сард, мубориза ва зиддиятҳои мафкуравӣ торафт шиддат мегиранд, ғайр аз ин давлатҳои абарқудрат фарҳанг ва идеологияи худро ба дигар халқу миллатҳо бор мекунанд. Ин вазъият тақозо дорад, ки ҷавонон маърифати хуб, ҷаҳонбинии илмӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ифтихори миллӣ дошта бошанд, то ки нисбат ба ҳама гуна мушкилоте, ки пеш меояд муқовимат, устуворӣ ва истодагарӣ карда тавонанд.
Таълиму тарбия дар мактабу таълимгоҳҳо, донишкадаву донишгоҳҳо бояд бо назардошти талаботи замон ба таври самараноку мақсаднок, муттасил ва пайгирона ба тарбияи инсони комил, мутахассиси варзида, дорои фазилатҳои маънавӣ, хирадмандӣ, ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва хоса ҷаҳонбинии илмӣ нигаронида шуда бошанд. Ҳушёрии сиёсӣ, маърифати баланд, фазилатҳои волои инсонӣ метавонанд омили муҳими пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдидҳо нисбат ба ҳуввияти миллӣ ва гаравишҳо ба ҷониби экстремизм, таълимоти иртиҷоӣ, бадахлоқӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гарданд.
Адабиёт:
- Ниг. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. // Дастурамал оид ба гузаронидани соати тарбиявӣ. Хуҷанд, 2014, с. 34-43.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ш.Душанбе, 22 декабри соли 2016, с.28.
- Ниг. Введение в философию. М., 1989, Первая часть, с. 21-29.
- Ниг. Философская энциклопедия. М., 1964, том. 3, с. 454
- Ниг. Философский энциклопедический словарь. М., 1983, с. 375-376.
- Ниг. Введение в философию. М., 1989, с. 25.
- Ниг. Философский энциклопедический словарь. М., 1983, с.375.
- Ниг. Энциклопедияи Советии Тоҷик. Ҷ. 2, с. 539.
- Философия и мировоззрение, проблемы современной науки. М., 1981.
МИРБОБОЕВ Мақсудҷон
н.и.ф., профессори
ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд